Вазири хориҷаи Тоҷикистон мавқеъгирии Тоҷикистонро дар мавриди Афғонистон эълом кард

Сироҷиддин Муҳриддин бори дигар аз тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ даъват кард, ки ба мардуми Афғонистон дар ҳалли низоъ дар ин кишвар кумак кунанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 18 фев — Sputnik. Тоҷикистон ҷонибдори субот ва хатми низоъ дар Афғонистон аст. Дар ин бора Сироҷиддин Муҳриддин, сардори Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ дар нишасти хабарии ҳисоботӣ изҳор дошт.
"Тоҷикистон ҷонибдори шукуфоии ин кишвари ҳамсояи бародар аст", - гуфт ӯ.
Вазир қайд кард, табиист, ки субот дар Афғонистон замоне ба даст меояд, ки ҳукумати фарогир бо ширкати тамоми гурӯҳҳои сиёсии кишвар таъсис дода шавад.
"Мо ҳамчунин ба эҳтироми ҳуқуқи башар дар ин кишвар даъват карда, аз вазъи дастрасии занон ба таҳсил ва ҳалли мушкилоти ҷомеа нигарон ҳастем ва таваҷҷӯҳи ҷомеаи ҷаҳониро ба ин масоил ҷалб мекунем", - гуфт дипломати тоҷик.
Ба гуфтаи ӯ, Тоҷикистон барои транзити борҳои башардӯстона ба Афғонистон тамоми имконотро фароҳам кардааст, зеро мардуми ин кишвар дар вазъи сангини иқтисодӣ ва иҷтимоӣ қарор доранд.
"Мо аз тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ даъват мекунем, ки ба мардуми Афғонистон кумак кунанд" гуфт ӯ.
Зас: Афғонистон манбаи хатар боқӣ мондаст, аз ҷумла барои Тоҷикистон - видео
Қаблан раиси ситоди муштараки Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ (СПАД), генерал-полковник Анатолий Сидоров аз ҷамъ шудани то 4000 ҷангҷӯи ДОИШ* дар наздикии марзи Тоҷикистону Афғонистон хабар дода буд.
Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилии кишвар гуфт, ки Тоҷикистон дар мавриди ҳамлаи ногаҳонӣ тарҳеро таҳия кардааст.
* Ташкилоти террористӣ дар Тоҷикистон ва Русия мамнӯъ аст.