Ҷасади ду сокини Ишкошим ба далели масдуд будани роҳ дар Хоруғ дармонд

Аз миёни 18 қурбонии тармафароӣ дар Хоруғ ду нафараш сокинони ноҳияи Ишкошим мебошанд, вале ба далели масдуд будани роҳ ҷасади онҳо ҳамоно дар Хоруғ аст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 18 фев — Sputnik. Дар Хоруғ боз ҷасади як қурбонии тармафароии маргбор пайдо гардид, хабар дод Умеда Юсуфӣ, сухангӯи Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ба Sputnik Тоҷикистон.

"Нимаи рӯзи 18 феврал, ҷасади боз як сокини дар натиҷаи тармафароӣ беномунишонгардида пайдо ва ба сардхонаи бемористони вилоятӣ интиқол дода шуд", - гуфт ӯ.

Манбаъ афзуд, марҳум сокини ноҳияи Ишкошим аст. Ҳамин тариқ, зимни тармафароии маргбор ду сокини ин ноҳия дар шаҳри Хоруғ зери тарма монда ҷон бохтанд.
Зимнан, масири Хоруғ-Ишкошим бинобар боришоти шадиди барф ва фаромадани тармаи зиёд феълан масдуд аст ва имкони интиқол додани ҷасади сокинони ин ноҳия ба зодбуми онҳо ғайриимкон аст.
КҲФ мегӯяд, ҳоло тозакунии тарма дар масири Хоруғ-Ишкошим дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Ғарибшо Шаҳбозови ноҳияи Шуғнон ҷараён дорад.
Раҳмон ба хонаводаи қурбониёни тарма дар ВМКБ 40 000 сомонӣ кумак кард
Бо кушода гардидани роҳ ҷасади ду сокини ноҳияи Ишкошим ба наздиконашон супорида мешавад.
Манбаъ афзуд, кумаки роҳбари давлат ба хонаводаи ин ду қурбонӣ низ ба далели роҳбандӣ дастрас нашудааст.
Ҳамин тариқ теъдоди ҷонбохтагон бар асари тармарезӣ ба 19 нафар расид, ки 18 нафарашон сокинони ВМКБ мебошанд.
Қаблан дафтари матбуоти раиси ВМКБ хабар дод, ки Эмомалӣ Раҳмон ба хонаводаи қурбониёни ин фоҷиа 40 000 сомонӣ кумакпулӣихтисос дод. Ҳамчунин нафароне, зери тарма монда, ҷароҳатдор шуданд, 10 000 сомонӣ аз номи роҳбари давлат мегиранд.