ДУШАНБЕ, 17 фев — Sputnik. Аз масоили меҳварии ҷаласаи Шӯрои амнияти Тоҷикистон, ки ахиран таҳти раёсати президент, Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардид, бартарафсозии оқибатҳои офатҳои табиӣ дар ВМКБ будаанд.
Дар ин бора вазири молияи Тоҷикистон, Файзиддин Қаҳҳорзода зимни нишасти матбуотӣ хабар дод.
Ба гуфтаи ӯ, феълан Комиссияи махсус оид ба ҳолатҳои фавқулодда таъсис ёфта, техникаи зарурӣ сафарбар карда шудааст.
Вай бо изҳори таассуф аз талафоти ҷонӣ ба наздикони ҳалокшудагон баён намуд.
Дар мавриди бартарафсозии оқибатҳо ва кумак ба зарардидагон, Қаҳҳорзода зикр намуд, ки дар қаламрави вилоят Агентии захираҳои моддии Тоҷикистон захираҳои муайян дорад.
Инчунин масъулин аз раисҷумҳур дастур гирифтаанд, ки кумакҳои роҳбариятро ба осебдидагон расонанд.
Бино ба иттилои охирин КҲФ, шумораи қурбониёни тарма дар рӯзҳои охир дар Тоҷикстон ба 17 нафар расид, ки 16 нафарашон ба Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон рост меояд.
Ин ниҳод афзуд, ки аз ҷумла 13 нафар дар шаҳри Хоруғ ,2 нафар дар ноҳияи Ванҷ, 1 нафар дар ноҳияи Шуғнон як нафар дар ноҳияи Варзоб зери тарма ҷон бохтанд.
Дар қаламрави ноҳияи Ишкошим 2 духтари донишҷӯ, ки ба эҳтимоли зиёд зери тарма мондаанд, мавриди ҷустуҷӯ қарор доранд.