Сафари Михаил Мишустин ба Тоҷикистон - охирин хабарҳо

Бо Русия мушкиле надорем: Душанбе интизориҳояшро аз сафари Мишустин баён дошт

Миёни Тоҷикистону Русия чун дар ҳар муносиботи байнидавлатӣ масоиле мавҷуданд, ки ниёз ба баррасӣ доранд, аммо мушкиле нест, ки сари он метавон таъкид кард
Sputnik
ДУШАНБЕ, 17 фев — Sputnik. Тоҷикистон ҳамчун шарики стратегӣ бо Русия ягон мушкиле надорад, изҳор дошт вазири умури хориҷии Тоҷикистон, Сироҷиддин Муҳриддин.
Ӯ зимни нишасти матбуотӣ дар Душанбе гуфт, дар сатҳи муносиботи байнидавлатӣ ҳамеша масоили хурд, миёна ва бузурги мавриди баррасӣ мавҷуданд, ки механизмҳои худро доранд.
Вай аз кори комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Русия зикр намуд, ки дар доираи он даҳҳо масоил баррасӣ мегарданд, ки бархеи онҳо фаврану баъзеи дигар бо далелу омилҳои гуногун ба таъхир гузошта мешаванд. Ҳамаи масъалаҳо механизми баррасии худро доранд, гуфт ӯ.
"Дар умум мушкиле ҷой надорад, ки сари он таъкид кунем, ки бо шарики стратегиямон мушкил дорем", - гуфт Муҳриддин.
Вай ҳамчунин дар мавриди сафари сарвазири Русия, Михиал Мушистин ба Тоҷикистон, ки аввали моҳи март дар назар аст, изҳор дошт, ки ҳарду ҷониб аз он интизориҳои хуб доранд.
Ба гуфтаи вазир, Мишустин бо тими бузург ба Душанбе меояд ва дар доираи ин сафар ҷаласа ва дигар чорабиниҳо дар назаранд.
Сафари Михаил Мишустин ба Тоҷикистон - охирин хабарҳо
Иштироки 160 соҳибкори рус дар Форуми тиҷоратии Тоҷикистон ва Русия
"Мо боварӣ дорем, ки сафар хеле самаранок хоҳад буд. Ҳарду ҷониб интизор доранд, ки дар доираи ин сафар масоили муҳим пеш аз ҳама дар бахши иқтисоду тиҷорат баррасӣ мегарданд", - изҳор дошт ӯ.
Вай илова намуд, ки ҳамчун вазири умури хориҷии Тоҷикистон фикр мекунад, ки сафари сарвазири Русия ба Тоҷикистон натиҷаҳои хуб хоҳад дод ва аз ин хеле хурсанд мебошад.