“Қарзи меросӣ”: пули барқ чаро ҷамъ намешавад?

Ширкати холдингии “Барқи тоҷик” ахиран эълон кардааст, ки қарзҳои дебиториаш дар соли гузашта ҳудуди 11 дарсад афзоиш ёфтааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 11 февр – Sputnik. Акнун масъулияти қарзҳои дебиториро, ки ҳамасола дар ҳоли афзойишанд, ба зиммаи “Шабакаҳои тақсимоти барқ”, ширкати тоза ҷудошуда аз баданаи “Барқи тоҷик” низ афтодааст.
Тибқи иттилои “Барқи тоҷик”, қарзҳои дебитории ширкат ба 3 миллиарду 680, 2 миллион сомонӣ расидааст, ки дар қиёс бо соли 2021 364 миллион сомонӣ зиёд аст.
Ҳабибуллоҳ Яъқубов, муовини директори Департаменти фурӯш ва маркетинги “Шабакаҳои тақсимоти барқ”, зимни нишасти матбуотии ин ниҳод гуфт, яке аз вазифаҳои ширкати мазкур, ки тоза арзи вуҷуд кардааст, маҳз ҷилавгирӣ аз афзойиши қарзҳои дебиторӣ аст.
“Мутаассифона, корхонаҳо аз мо барқ мегиранду пули онро пардохт карда наметавонанд ва аз ин хотир, қарзи дебитории мо зиёд мешавад”, - гуфт Ҳабибуллоҳ Яъқубов.
Аз маҷмӯъи қарзҳои дебиторӣ 1 миллиарду 482 миллиону 295 ҳазор сомонӣ ба аҳолии кишвар рост меояд, ки қарздори аслии “Барқи тоҷик” ба ҳисоб мераванд. Ширкати алюминиуми Тоҷикистон - “Талко” (487, 688 миллион сомонӣ), Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди ҳукумати Тоҷикистон (470,732), корхонаҳои соҳаи кишоварзӣ (220,264), ширкатҳои тиҷоратӣ (254) ва муассисаҳои буҷавӣ (96,855), Обу корези ҷумҳурӣ (76,6) бузургтарин қарздорони “Барқи тоҷик” маҳсуб мешаванд. Бақияи қарзҳо ба “Тоҷиккимиёсаноат” (36,7 миллион сомонӣ), ширкатҳои “Сементи тоҷик” (13,6), “Адрасмон” (6,8), “Корхонаи куҳӣ-саноатии Тоҷикистону Хитой” (5,6), “Ангишт” (3,2) ва дигарон рост меояд.
"Барқи тоҷик" афзоиши содироти нерӯ ба Ӯзбекистонро шарҳ дод
Аммо шуруъ аз соли 2020 бори гарони қарзҳои дебиториро дар канори “Барқи тоҷик” ширкати дигар – “Шабакаҳои тақсимоти барқ” низ ба дӯш мекашад.

“Бозигари нав”

Ҳукумати Тоҷикистон ба хотири боло бурдани муассирияти фаъолияти “Барқи тоҷик” ду соли қабл онро ба се қисмат тақсим кард. Яке, худи “Барқи тоҷик” истеҳсол, дигаре, дуввумӣ, “Шабакаҳои тақсимоти барқ” тақсимот ва севвумӣ, “Шабакаҳои интиқоли барқ” интиқоли барқи нерӯгоҳҳои Тоҷикистонро ба дӯш гирифтанд.
Амалан мушкили аслии “Барқи тоҷик” – ҷамъоварии маблағ аз фурӯши барқ - ба “Шабакаҳои тақсимоти барқ” ба мерос расид.
Аммо Муҳаммадумар Асозода, раиси “Барқи тоҷик” гуфт, қарзҳое, ки дар замони “Барқи тоҷик” вуҷуд доштанд, бар дӯши худи ширкат боқӣ мемонанд ва қарзҳои ҷадид ба “Шабакаҳои интиқоли барқ” интиқол мешаванд.
“Ин ки ширкати “Барқи тоҷик” ба ҷамъияти саҳҳомӣ табдили ном кард, қарзҳои қаблӣ дар тавозуни ширкат боқӣ монда шуданд. Ҳеҷ тағйире нест. Ширкатҳои “Шабакаи интиқоли барқ” ва “Шабакаи тақсимоти барқ” бояд фаъолияти худро бидуни қарз шуруъ мекарданд, ки чунин ҳам шуд”, - гуфт Муҳаммадумар Асозода.
Бо ин вуҷуд, “Шабакаҳои тақсимоти барқ” зуд ба гирдоби қарзҳо афтод, дурусттараш, қарзҳо кам-кам ба самти он кӯч мекунанд. Ба гунаи мисол, ширкат дар соли 2021 ба аҳолии Тоҷикистон ба маблағи 1,356 миллард сомонӣ барқ дод, аммо 1,259 миллиард ё 97,7 миллион сомонӣ кам ҷамъ овард. Бар иловаи қарзи соли 2021 ҳоло аҳолӣ аз ширкат 139, 5 миллион доллар қарздор аст.Ё ба ширкати “Талко” соли гузашта ба 184 миллион сомонӣ барқ фурӯхта, аз ин 155,7 миллион ё 28,3 миллион сомонӣ кам ба даст овард.
Раиси "Барқи тоҷик" гуфт, кай лимит бардошта мешавад
Ҳамин тавр, “Талко” (97,6), Агентии беҳдошти замин ва обёрии Ҳукумати Тоҷикистон (172,9), Обу корези ҷумҳурӣ (23), “Сементи тоҷик” (10,3), ширкатҳои тиҷоратӣ (51,9 миллион сомонӣ) ва дигар қарздорони доимии барқ бар иловаи он, ки аз “Барқи тоҷик” қарздоранд, ҳоло аз муштариёни қарздори “Ширкати тақсимоти барқ” низ ба ҳисоб мераванд.
Гузашта аз ин, ширкати мазкур худ ба қарздори нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” табдил ёфтааст. Он соли гузашта аз ҳисоби барқе, ки аз нерӯгоҳ гирифтааст, 28, 4 миллион сомонӣ қарздор шуда, дар умум қарзҳояш аз “Роғун” ба 90,8 миллион сомонӣ расидааст.

Мушкили музмин

“Барқи тоҷик” пас аз истиқлоли Тоҷикистон, яке аз ширкатҳои, ба истилоҳ, пурҷанҷол ва мушкилдори кишвар ба шумор меояд. Дар умум барқе, ки ин ширкат ҳамасола ба беш аз 16 миллиард киловат-соат истеҳсол мекунад ва ҳарчанд тибқи ҳисоботҳо, истеҳсоли он сол ба сол сайри суудӣ дорад, на фақат мушкили барқрасониро ҳал накарда, балки қарзҳои дебиториву кредитории онро афзудааст.
Ҳарчанд “Барқи тоҷик” аз ироаи рақами мушаххас ба Sputnik Тоҷикистон худдорӣ кард, бино ба иттилоъи дарёфтӣ, қарзи кредитории он ба марзи 3 миллиард доллар наздик шудааст, ки қисмати умдаи он қарзу грантҳо барои иҷрои тарҳҳои сармоягузории “Барқи тоҷик” рабт доранд ва мӯҳлати пардохти қарзҳо низ хеле тӯлонӣ аст.
Масъулини “Барқи тоҷик” фақат ҳаминро зикр карданд, ки хизматрасонии қарзҳо солона тибқи нақша иҷро мешавад, аз ин хотир, хатаре ба фаъолияти ширкат вуҷуд надорад, аммо яке аз роҳҳои пӯшидани қарзҳо ва худкифоии ширкат ҳамоно ҷамъоварии маблағ аст, ки тавре дида мешавад, хеле ба сахтӣ анҷом мешавад.
Шарҳи раиси "Барқи тоҷик" дар бораи фурӯши нерӯ ба Афғонистону Ӯзбекистон
“Шабакаҳои тақсимоти барқ” ба хотири баланд бардоштани самараи кораш бо тақозои Бонки Ҷаҳонӣ раҳбарии ширкатро ба дасти хориҷиҳо супурд ва аз октябри соли гузашта, пас аз 3 сол бори дигар қимати таруфаҳои барқро боз ба 15% боло бурд.

Аммо роҳи наҷот куҷост?

Нуруллоҳ Ҳусейнов, коршиноси умури иқтисод, мегӯяд, роҳи раҳоӣ аз ин бунбаст фақат боло бурдани таруфаҳо нест, балки шаффоф ва низомманд сохтани пардохти ҳаққи барқ аст.
“То замоне, ки пули барқ тариқи нозир, дурусттараш, одам ҷамъоварӣ мешавад, чанд бори дигар ҳам агар таруфаҳоро боло баранд, натиҷае ба даст намеояд. Зоҳиран, “Барқи тоҷик” дар ин самт дуруст пеш меравад ва дар ҳоли ба роҳ мондани низоми биллингӣ ва ғайринақдӣ аст, ки ҳоло фақат як ду шаҳру ноҳияро дарбар мегирад. Онро бояд дар тамоми кишвар роҳандозӣ кард”, - гуфт ӯ.
Роҳи дигарро коршиносон дар шаффофияти фаъолияти корхонаҳои буҷетӣ мебинанд, ки қисмати умдаи барқи кишварро истифода мекунанд, аммо бо вуҷуди қиматҳои поёни он пардохтпазир нестанд. Ба бовари онҳо, дар чунин ҳолат эҳтимол дорад мушкили музмини қарзҳои барқ ба марҳалаи бозгашт ворид шаванд ва дигар аз сол ба сол ба мерос намонанд.