ДУШАНБЕ, 16 фев — Sputnik. Заминҳои Тоҷикистон бо вуҷуди кам будани заминҳои обӣ имконият доранд, ки ахолии 50 миллион нафарро бо хӯрок таъмин кунанд.
Дар ин бора Ориф Хоҷазода, раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ зимни як нишасти хабарӣ изҳор дошт ва таъкид кард, ки шояд зарурат ба воридоти равғани растанӣ боқӣ монад.
Ба гуфтаи вай, барои ин ҳама хонаводаҳо, аз ҷумла деҳқонон, хоҷагиҳо ва соҳибони қитъаҳои наздиҳавлигӣ бояд муносибати худро ба замин тағйир диҳанд.
Баргардонидани ҳудудҳои истифоданашуда ба гардиши кишоварзӣ ва ҷорӣ кардани технологияҳои муосир ва обёрии қатрагӣ ба гуфти ӯ, мисол шуда метавонанд.
Хоҷазода барои ин хоҷагиҳои ноҳияҳои Рӯдакӣ ва Истаравшанро мисол овард.
"Оби боронро дар зарфҳо ҷамъ карда, дар тобистон дар боғи худ истифода мебаранд, ки дар натиҷа ҳар як ҳавлӣ ҳамеша помидору бодирингу картошка, гиёҳ ва дигар маҳсулоти зарурии худро дорад", - гуфт ӯ.