Тарма чандин хонаро дар Хоруғ зер кард

Бар асари фаромадани тармаҳо дар маркази маъмурии Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон бархе хонаҳои истиқоматӣ ва биноҳои маъмурӣ зери барф мондаанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 15 фев — Sputnik. Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Тоҷикистон фаромадани тармаҳо дар шаҳри Хоруғро таъйид кард.
Ба иттилои КҲФ, тармаҳо тақрибан соати 10:00-и 15 феврал бо вақти маҳаллӣ фаромада, чандин хонаро зер кардаанд.
Феълан дар ҷои ҳодиса наҷотдиҳандагон кор карда истодаанд, афзуд КҲФ. Бар асоси наворҳое, ки шоҳидони ҳодиса дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр кардаанд, сокинони маҳаллӣ низ ба бартарафсозии оқибатҳо машғул шуда, гуфта мешавад, ки эҳтимол одамон низ зери тарма бошанд.
Ин дар ҳолест, ки ахиран дар Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон мошин бо 10 мусофир зери тарма монд. Ба иттилои КҲФ Тоҷикистон, ҳодисаи мазкур дар километри 8-уми роҳи Хоруғ - Роштқалъа, рух додааст.
Мошин бо 10 мусофир дар ВМКБ зери тарма монд: Ҳушдори КҲФ ба аҳолӣ
"Ҳар 10 мусофир зинда монда, танҳо ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардоштаанд ва ҳамон лаҳза ҳамаи онҳо ба бемористони шаҳри Хоруғ интиқол дода шуданд", - омадааст дар хабари КҲФ.
Дар ҳамин ҳол, ин ниҳод аз шаҳрвандон даъват намудааст, ки дар ҳавои номусоид аз сафар тариқи роҳҳои кӯҳӣ худдорӣ кунанд.
Бино ба пешгӯии обуҳавошиносон бар асари бориши барфу борон ва болоравии дамои ҳаво дар қаламрави ноҳияҳои кӯҳии тобеъи ҷумҳурӣ, қисмати ҷанубии қаторкӯҳи Ҳисор ва қисмати ғарбии ВМКБ то 17-уми феврали соли равон хатари лағзиши тарма, резиши санг ва омадани селҳо боқӣ мемонад.