Сафари Михаил Мишустин ба Тоҷикистон - охирин хабарҳо

Иштироки 160 соҳибкори рус дар Форуми тиҷоратии Тоҷикистон ва Русия

Баргузории форуми тиҷоратии Тоҷикистону Русия дар доираи сафари Сарвазири Русия Михаил Мишустин ба Тоҷикистон ба нақша гирифта шудааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 15 фев — Sputnik. Интизор меравад, ки дар Форуми тиҷоратии Тоҷикистон ва Русия, ки оғози моҳи март дар Душанбе баргузор мегардад, беш аз 160 соҳибкори рус иштирок хоҳанд кард, гуфт раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон Саъдӣ Қодирзода.
Вай афзуд, ки баргузории Форуми тиҷоратии Тоҷикистону Русия бо мақсади тақвияти ҳамкории мутақобилан судманди байнидавлатӣ дар доираи сафари Сарвазири Русия Михаил Мишустин ба Тоҷикистон ба нақша гирифта шудааст.
Саъдӣ Қодирзода илова кард, ки Русия яке аз шарикони асосии тиҷоратии Тоҷикистон буда, тибқи омори расмӣ, соли 2022 ба Тоҷикистон дар ҳаҷми 26,4 миллион сармоягузорӣ кардааст.
Сафари Михаил Мишустин ба Тоҷикистон - охирин хабарҳо
Мишустин нақшаи сафари Осиёи Миёнаро дорад
Вай таъкид кард, ки дар Тоҷикистон бо ҷалби сармояи Русия даҳҳо корхонаҳои муштараки саноатӣ, инфрасохтори гуногун, бахусус муассисаҳои таълимӣ бунёд гардидаанд.
Саъдӣ Қодирзода илова кард, ки дар доираи Форуми тиҷоратии Тоҷикистон ва Русия доираҳои тиҷоратию соҳибкории ду давлат масъалаҳои мубрами таҳкими ҳамкории марбут ба рушди тиҷорат ва сармоягузориро матраҳ менамоянд.
Ҳамзамон дар доираи Форуми тиҷоратии Тоҷикистону Русия мулоқоти доираҳои соҳбкории ду кишвар дар сиғаи B2B (cоҳибкор бо соҳибкор) баргузор гардида, ба имзо расонидани созишномаҳои ҳамкорӣ дар назар аст.