Суръати афзоиши ММД дар Тоҷикистон эълом шуд: паст ё баланд?

Сарфи назар аз вазъи душвори иқтисоди ҷаҳонӣ, бахусус бӯҳронҳои энергетикӣ ва озуқаворӣ, маҷмӯи маҳсулоти дохилии ҷумҳурӣ натиҷаҳои хуб нишон дод
Sputnik
ДУШАНБЕ, 14 фев — Sputnik. Тибқи натиҷаҳои соли 2022 маҷмӯи маҳсулоти дохилии Тоҷикистон 115 миллиард сомонӣ афзоиш ёфтааст.
Дар ин бора Завқӣ Завқизода, вазири рушди иқтисод ва савдои кишвар дар нишасти матбуотияш хабар дод.
Ба иттилои манбаъ, афзоиш назар ба соли гузашта 8%-ро ташкил дод.
Тибқи омори ниҳоди мазкур, ин аз ҳисоби 15,4 фоиз афзудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ, ки 42,9 миллиард сомониро ташкил медиҳад, ба даст омадааст.
Чунин дастовард дар натиҷаи таъмини талаботи бозор ба маҳсулоти ватанӣ, ба истифода додани иқтидорҳои нав ва истифодаи иқтидори содиротӣ ба даст омадааст.
Ҳамин тариқ, беш аз 487 корхонаи нав барои зиёда аз 4000 ҷойи корӣ ба кор даромад.
Маълум шуд, ки саҳми вилояти Суғд ба буҷети кишвар чи қадар аст
Ҳаҷми маҳсулоти хоҷагии қишлок 8% афзуда, 49,2 миллиард сомониро ташкил дод. Аз ҷумла маҳсулоти зироатӣ 7,7% ва чорводорӣ 8,75 афзуд.
Инчунин гардиши бор ва мусофиркашонӣ 37,2%, хизматрасонии пулакӣ 16%, маблағгузорӣ ба фондҳои асосӣ 11,4% афзудааст.
Дар баробари ин ҳаҷми умумии муомилоти мол 11,2% афзуд.
Сатҳи таваррум бошад, дар соли 2022 дар ҷумҳурӣ 4,2%-ро ташкил дод.
Қобили зикр аст, ки ин рақам нисбат ба соли 2021 3,8% камтар аст (он вақт афзоиши таваррум дар сатҳи 8% буд).
Қаблан Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, дар суханронии солонаи худ дар порлумони кишвар гуфта буд, ки аз нигоҳи иқтисодӣ сол барои кишвар муваффақ буд.