Ваъдаи Қосим Раҳбар барои бозгардондани тими "Шодмон" ба Лигаи олии Тоҷикистон

Гурӯҳи кории комиссияи Федератсияи футболи Тоҷикистон аз бошгоҳҳои "Регар-ТадАз"-и Турсунзода, КМВА-и Душанбе ва "Шодмон"-и Ҳисор боздид кард
Sputnik
ДУШАНБЕ, 14 фев — Sputnik. Комиссияи ФФТ, таҳти роҳбарии ноиби президент Алишер Урунов дар бошгоҳҳои лигаи олии Тоҷикистон – "Регар-ТадАЗ"-и Турсунзода ва КМВА-и Душанбе бо омодагиҳо ба мавсими нави футбол шинос шуданд.
Дар ин бора дафтари матбуоти Федератсияи футболи Тоҷикистон иттилоъ дод.
Ба гуфтаи манбаъ, гуруҳи корӣ ҳамчунин аз варзишгоҳҳои "ТАЛКО-Арена" ва КМВА-и Вазорати мудофиаи Тоҷикистон боздид ба амал овард, ки дар он бошгоҳҳои "Регар-ТадАЗ" ва КМВА бозиҳои хонагии худро мегузаронанд.
Дар Суғд барномаи маҳаллии рушди футбол тасдиқ шуд
Комиссияи кории ФФТ дар асоси натиҷаи боздиди санҷишӣ ба бошгоҳҳои футбол барои ислоҳи камбудиҳое, ки бояд то мавсими нав бартараф карда шаванд, тавсия дод.
Дар баробари ҳайати Федератсияи футболи Тоҷикистон дар шаҳри Ҳисор бо раиси он, Қосим Роҳбар мулоқоти корӣ анҷом додаанд.
Ҷонибҳо дар бораи омодагии дастаи "Шодмон" ва таъмири ду варзишгоҳи шаҳр – марказӣ ва "Ҷавонӣ"-ро ба мавсими нави лигаи якуми Тоҷикистон баррасӣ кардаанд.
ФФТ мегӯяд, Қосими Раҳбар қайд намуд, ки дар назди дастаи "Шодмон" вазифа гузошта шудааст, ки марҳила ба марҳила, давоми ду-се соли оянда ба лигаи олии Тоҷикистон баргардад.