Генерали рус: Касе Тоҷикистонро танҳо намегузорад

Генерали баландпояи рус, сардори Ситоди муштараки Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ хотиррасон кард, ки Тоҷикистон марзи ҷанубии созмон аст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 14 фев – Sputnik. Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ ба иғвогарӣ дар марзҳои Тоҷикистон роҳ намедиҳад, изҳор дошт раиси ситоди муштараки ин созмон, Анатолий Сидоров.
Ӯ зимни нишасти матбуоӣ изҳор дошт, ки дар сурати таҳдиди воқеӣ аз Афғонистон, СААД омода аст, ки дар зарфи 12 соат посухи қатъӣ ба ҳамлагарон диҳад.
"Бовар кунед, ҳеҷ кас Тоҷикистонро тарк намекунад", - таъкид намуда генерал ва афзуд, ки ин ҷумҳурӣ сарҳади ҷанубии СААД мебошад.
Путин: Қочоқи маводи мухаддир дар Афғонистон афзоиш меёбад
Ба гуфтаи Сидоров, дар қаламрави Афғонистон нерӯҳои зиёде мавҷуданд, ки метавонанд ба тамомияти Тоҷикистон таҳдид кунанд, аз ҷумла террористон аз гурӯҳҳои мамнӯъ.
Ба иттилои СААД, теъдоди ҷангҷӯёни ДИИШ* дар Афғонистон ба 6500 нафар расидааст, ки аксари онҳо - то 4 ҳазор нафар дар наздикии марз бо Тоҷикистон ҷойгир шудаанд.
Сидоров мегӯяд, аксари ин ҷангҷӯён дар вилоятҳои Бадахшон, Кундуз ва Тахор ҷой гирифтаанд.
СААД илова намуд, чолишҳое, ки қаблан низ буданд, аз қабили хатари террористӣ, қочоқи маводи мухаддир, ифротгароӣ низ ҳамоно боқӣ мондаанд.
*-созмони террористии мамнуъ дар Тоҷикистон ва Русия