ДУШАНБЕ, 13 фев — Sputnik. Комиссияи аттестатсионӣ, 196 нафар ба мансаби ишғолнамуда номувофиқ баҳогузорӣ намудааст, иттилоъ додааст Директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Тоҷикистон Ҷумъа Давлатов.
Ҳамчунин вай афзуд, ки комиссияи аттестатсионӣ аз 2592 нафар хизматчиёни давлатии ба аттестатсия фарогирифта 2396 нафар ба мансаби ишғолнамуда мувофиқ баҳогузорӣ карда шудаанд.
Ҳамзамон дар нишаст тазаккур дода шуд, ки аз натиҷаи мониторинги ҳолати ҷойивазкунӣ дар соли 2022 (аввали соли 2023 ҷамъбаст гардид) муайян карда шуд, ки соли гузашта 34 нафар кадрҳои роҳбарикунандаи мақомоти марказӣ ба ротатсия фаро гирифта шуданд.
Ҳамзамон қайд карда шуд, ки ба ҳолати якуми январи соли 2023 дар мақомоти давлатӣ, ба истиснои ишғолкунандагони мансабҳои сиёсӣ 169 нафар хизматчиёни давлатии ба ротатсия фарогирифташаванда фаъолият доранд. Аз он 89 нафар ба мақомоти марказӣ (бо сохторҳои маҳаллӣ) ва 78 нафар ба мақомоти маҳаллӣ рост меояд.
Аз ин ҳайат 157 нафар (83 нафар дар мақомоти марказӣ, 74 нафар дар мақомоти маҳаллӣ) зиёда аз 5 сол ва 12 нафар (9 нафар дар мақомоти марказӣ, 3 нафар дар мақомоти маҳаллӣ) бештар аз 10 сол фаъолият доранд.
Дар маҷмӯъ, аз таҳлили муқоисавии нишондиҳандаҳо дар бораи ба ҷойивазкунии (ротатсияи) хизматчиёни давлатӣ давоми солҳои 2014-2022 бармеояд, ки теъдоди кадрҳои ротатсияшаванда аз 489 нафар (соли 2014) ба 169 нафар (соли 2022) расида, раванди мазкур тамоюли пастравӣ дорад.