Раиси "Барқи тоҷик" гуфт, кай лимит бардошта мешавад

Раиси ширкати "Барқи тоҷик" эълон кард, ки масъалаи бардоштани маҳдудияти интиқоли барқ ба шаҳру навоҳии Тоҷикистон аз боду ҳаво вобаста аст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 13 фев – Sputnik. Маҳудияти интиқоли барқ дар Тоҷикистон замоне бартараф мешавад, ки ҳаҷми об дар дарё барои тавлиди ҳаҷми нерӯи барқ, ки талаботро қонеъ кунад, боло равад.
Ин нуктаро раиси ширкати "Барқи тоҷик", Муҳаммадумар Асозода, зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод.
Ба гуфтаи ӯ, сатҳи истифодаи захираҳои об дар рӯзҳои сардии моҳи январ якбора афзоиш ёфта буд ва феълан зарур аст, ки он ҷуброн карда шавад.
Раиси "Барқи тоҷик" афзуд, бо мурури гарм шудани ҳаво ва афзоиши ҷараёни об маҳдудият лағв мегардад.
Аз сокинони Суғд дархост шудааст, ки масрафи нерӯи барқро кам кунанд
Ин дар ҳолест, ки дар моҳи январ бо дастури президенти Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон маҳдудияти барқ бардошта шуда буд.
Аммо расман ширкати “Барқи тоҷик” аз 1 феврал эълон кард, лимит дубора ҷорӣ карда мешавад.
"Маҳдудиятҳо бо мақсади пешгирӣ кардани норасоии неруи барқ ва пайомадҳои манфии он ба соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии кишвар, ба роҳ монда шудааст", - гуфт ширкат.
Соли 2022 истеҳсоли неруи барқ дар Тоҷикистон наздики 21,5 млрд кВт соатро ташкил дод, ки ин баландтарин нишондиҳанда дар кишвар маҳсуб меёбад. Тавлидоти барқ дар қиёс бо соли пешӣ наздики 800 млн.кВт соат зиёд мебошад.