ДУШАНБЕ, 13 фев – Sputnik. Моҳи январ ба далели бархе мушкилот дар низоми энергетикии Ӯзбекистон истифодаи нерӯи барқ дар минтақаи Сурхондарёи ин кишвар аз ҳисоби барқи Тоҷикистон афзоиш ёфта буд.
Дар ин бора раиси "Барқи тоҷик", Муҳаммадумар Асозода зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дода, афзуд, ки дар доираи низоми сарбастаи энергетикии Осиёи Марказӣ як қисми аҳолии ин кишварҳо ба шабакаҳои ин ё он ҷониб пайванданд.
Ӯ таъкид намуд, ки созиш аст, ки ҷараёнҳои байнидавлатии ғайринақшавӣ бо Ӯзбекистон набояд аз 10 млн киловат соат ва бо Қирғизистон аз 5 млн киловат соат зиёд бошад.
Ба гуфтаи раиси "Барқи тоҷик" моҳи январ дар пайи мушкилоти энергетикии Ӯзбекистон истифодаи барқ дар Сурхондарё каме зиёд шуд, аммо аз меъёри муайяншуда бештар нагрдидааст.
"Б ҳолати охири январи соли равон ҳаҷми он 9,8 млн киловат соатро ташкил дод, ки аз меъёри муайяншуда зиёд нест. Ин ҷо ягон қарордоди иловагӣ баста нашудааст", - гуфт ӯ.
Вай таъкид намуд, ки ҷониби Ӯзбекистон дар чунин ҳолатҳо муваззаф мешавад, ки моҳи оянда баробар ба ҳаҷми барқи гирифтааш, нерӯ бидиҳад.
Қаблан Шабакаҳои барқии минтақаи Сурхондарё дар ҷануби Ӯзбекистон изҳор дошта буданд, ки барои ҳалли мушкили камбуди барқ, воридоти нерӯро аз Тоҷикистон зиёд кардаанд.
Маврид ба зикр аст, ки ҳафтаҳои охир кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Ӯзбекистон ва Тоҷикистонро сармои шадид фаро гирифта, дар масоили таъминот бо нерӯи барқ, обрасонӣ ва нақлиёт бархе мушкилот эҷод кардааст.