ДУШАНБЕ, 12 фев — Sputnik. Дастаи наврасони Тоҷикистон (U-17) таҳти роҳбарии Раҳматулло Фузайлов барандаи медали биринҷии мусобиқаи байналмилалии "Ҷоми рушд-2023" дар Минск гардид.
Ба иттилои ФФТ, барои ҷойи сеюм футболбозони тоҷик то бар тими наврасони то 16-солаи Русия зӯрозмоӣ карда, бо ҳисоби бузурги 3:0 пирӯз шуданд. Абубакр Сулаймонов, Ориёнмеҳри Нуриддин ва Масрур Ғафуров муаллифони гол мебошанд.
Тими футболбозони 17-солаи Русия барои ҷои аввал бар ҳамсолони худ аз Қазоқистон бо ҳисоби 3:1 пирӯз гардида, ғолиби "Ҷоми рушд - 2023" эълон шуд.
Аммо беҳтаринҳои ин мусобиқа аз ҳайати тими Тоҷикистон эълон гардиданд. Ҳамлагари тими Тоҷикистон Раббонӣ Камолов бо задани 4 гол беҳтарин нишонзани ин мусобиқот шуд.
Абубакр Сулаймонов бошад беҳтарин бозигари Ҷоми рушд дар соли 2023 дониста шуд.
Маврид ба зикр аст, ки мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бидуни бохт "Ҷоми рушд-2023"-ро ҷамъбаст кард. Шогирдони Раҳматулло Фузайлов дар марҳилаи гурӯҳии мусобиқот бо тимҳои миллии Русия (1:1) ва Беларус (2:2) мусовӣ карда, бар дастаи Эрон (3:1) пирӯз шуданд.
Тими Тоҷикистон (U-17) дар гурӯҳи "В" бо мунтахабҳои Русия (U-17), Эрон (U-17) ва Беларус (U-16) ва дар чаҳоргонаи "А" дастаҳои Беларус (U-17), Қазоқистон (U-17), Ӯзбекистон (U-16) ва Русия (U-16) зӯрозмоӣ карда буданд ва ғолибони гуруҳҳо ба финал баромаданд.