Лавров ва Сироҷиддин Муҳриддин гуфтугӯ карданд: тафсилот

Сарони вазоратҳои корҳои хориҷии Русия ва Тоҷикистон дар алоҳидагӣ ба мавзӯъҳои муҳими рӯзномаи дуҷониба таваҷҷуҳ карданд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 11 фев — Sputnik. Сергей Лавров ва Сироҷиддин Муҳриддин вазирони корҳои хориҷии Русия ва Тоҷикистон телефонӣ сӯҳбат карданд.
Дар ин бора департаменти иттилооти Вазорати корҳои хориҷии Русия хабар медиҳад.
Гуфтугӯи телефонӣ рӯзи 10 феврал бо ибтикори ҷониби Тоҷикистон сурат гирифт.
"Сироҷиддин Муҳриддин Лавровро бо ҷашни касбӣ - Рӯзи кормандони дипломатӣ самимона табрик гуфт", — омадааст дар хабарнома.
Вазирон инчунин масъалаҳои мубрами рӯзномаи дуҷонибаро баррасӣ карданд.
Русия бо Тоҷикистон дар бораи муҳоҷират созишнома ба имзо мерасонанд
Дипломатҳои ду кишвар нияти мутақобилан барои таҳкими минбаъдаи муносибатҳои Русияву Тоҷикистонро тасдиқ карданд, қайд гардид дар хабарии ВУХ Русия.
Қобили зикр аст, ки соли 2022 Русия ва Тоҷикистон 30-умин солгарди барқарории равобити дипломатиро ҷашн мегиранд.