ДУШАНБЕ, 10 фев — Sputnik. Дар Тоҷикистон ягон оризае аз истифодаи доруи "Док-1" ба қайд гирифта нашуд, аммо бо вуҷуди он фурӯшу вуруди он мамнуъ гардид.
Дар ин бора вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон, Ҷамолиддин Абдуллозода зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод.
Ӯ гуфт, ҳолатҳои марговар будани ин доруро дар Ӯзбекистон пайгирӣ кардаанду бо масъулини тандурустии кишвари ҳамсоя низ масъаларо баррасӣ намудаанд.
Муайян шудааст, доруи марговар ба Ӯзбекистон соли 2022 ворид шудааст, дар ҳоле, ки Тоҷикистон аз ин навъи дору моҳи марти соли 2021 дастрас карда буд.
Вазир афзуд, дар Тоҷикистон ягон ҳолати паёмади номатлуби истифодаи доруи "Док-1" ба қайд гирифта нашудааст, аммо мақомот барои эҳтиёт фурӯши боқимондаи онро мамнуъ карданд.
Ин дар ҳолест, ки идораи муҷаввиздиҳӣ ва назорати дорусозаии Ҳиндустон тавлиди ин доруро аз сӯи ширкати "Marion Biotech" мутаваққиф намуд.
Бар асоси гузоришҳои нашршуда, маҳз ширкати мазкур доруи "Док-1 Макс"-ро тавлид кардааст, ки аз истифодаи он дар Ӯзбекистон 19 кӯдак фавтидаанд. Гуфта мешавад, ки дар кӯдакон пас аз истифодаи дору, норасоии шадиди кори гурда сабт шудааст.
Фурӯши "Док-1 Макс" феълан дар Ӯзбекистон мамнуъ буда, дар пайи ҳолатҳои марговар дар бархе кишварҳои дигар, аз ҷумла Қирғизистон низ истифодаи дору манъ гардид.