Вазир: Соли гузашта дар Тоҷикистон бемориҳои сироятии ниҳоят хавфнок ба қайд нагирифтем

Вазири тандурустии Тоҷикистон эълон карджааст, ки дар ин авохир дар кишвар бемориҳои сироятии ниҳоят хавфнок ба қайд гирифта нашудааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 10 фев — Sputnik. Дар Тоҷикистон давоми соли 2022 бемориҳои домана, вараҷаи маҳаллӣ, фалаҷ, зуком ва сироятҳои ниҳоят хавфнок, ба монанди вабо ва тоун ба қайд гирифта нашуданд, гуфт зимни нишасти матбуотӣ вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода.
Ба гуфтаи вай дар соли гузашта 257 ҳолати бемориҳои шадиди рӯда, 39 ҳолати гепатити вирусии намуди "В", 5 ҳолати гепатити вирусии намуди "С", наздик ба 27 ҳазор ҳолати бемориҳои шадиди роҳҳои нафас, 6694 ҳолати илтиҳоби шуш, 1157 ҳолати осеббинӣ аз газидани ҳайвонҳо ва 132 ҳолати бемории сил ба қайд гирифта шуд.
Инчунин ба иттилои ҷаноби Абдуллозода дар давраи ҳисоботӣ дар миқёси ҷумҳурӣ ҳамагӣ 24 ҳодисаҳои заҳролудшавӣ аз маҳсулоти ғизоӣ, аз ҷумла ботулизм ба қайд гирифта шуда, 82 нафар зарар дида, 7 нафар фавтиданд.
Ҳамчунин дар нишасти матбуотӣ зикр гардид, ки дар соли гузашта бо мақсади ба иммунизатсия фаро гирифтани кӯдакон ба ҷумҳурӣ 10 намуди ваксина дар ҳаҷми наздик ба 3,7 млн. воя барои пешгирии 12 намуди бемориҳои сироятии бо ваксина идорашаванда ворид карда шуд.
Вазорати тандурустӣ ду табиби тоҷикро барои андӯхтани таҷриба ба Корея фиристод
“Барои пешгирии сирояти Covid-19 10 миллиону 12 ҳазору 360 воя ваксинаҳои Модерна, Файзер, Астра Зенека ва КоронаВак ворид карда шуданд. Инчунин бо мақсади гузаронидани иммунизатсия бар зидди бемории зукоми мавсимӣ байни кормандони соҳаи тибби шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ 33 000 воя ваксина ворид карда шуд”, - таъкид кард вазири тандурурстӣ.
Вазир маълумот дод, ки сатҳи фарогирии кӯдакони навзод бо ваксинаҳои тавсияшуда 98,2 фоиз, кӯдакони то 1-сола 87,2 фоиз ва фарогирӣ бо вояи дуюми ваксинаи ИПВ-, 27,7%-ро ташкил медиҳад. Раванди иммунизатсия бо истифодаи зидди пневмоккокӣ тибқи нақша аз 1 ноябри соли 2022 оғоз ёфта, ҳоло идома дорад.
Ба он кӯдакони то 6-сола мутобиқ ба тақвими миллӣ ва ҳадафҳои он фаро гирифта шуда истодаанд.