Русия бо Тоҷикистон дар бораи муҳоҷират созишнома ба имзо мерасонанд

Мақомоти Русия ният дорад то охири сол бо се кишвари Осиёи Марказӣ чанд созишнома дар бораи муҳоҷирати меҳнатӣ ба имзо расонад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 10 фев — Sputnik. Ҳукумати Русия тасмим дорад дар соли 2023 бо мақомоти Тоҷикистон созишномаҳои байниҳукуматӣ дар умури муҳоҷиратро имзо намояд, гуфт директори департаменти сеюми кишварҳои ИДМ-и Вазорати корҳои хориҷии Русия Александр Стерник.
Ба иттилои вай ҳамчунин созишномаҳо бо кишварҳои Ӯзбекистон ва Қирғизистон низ имзо хоҳанд шуд.
Стерник ёдовар шуд, ки корҳо барои ифтитоҳи марказҳои омӯзишии пеш аз муҳоҷират дар ин се кишвари Осиёи Марказӣ идома доранд.
"Тибқи қонунгузории мо, онҳо ба нафароне, ки мехоҳанд ба Русия сафар кунанд, як қатор хидматрасониҳоро пешниҳод хоҳанд кард", - гуфт ӯ.
Ин гирифтани изи ангушт, аксбардорӣ, сабти ном ва ғайраро дар бар мегирад.
Тағйирот ба қонунгузории бахши муҳоҷират дар Русия: Чӣ навгониҳо ҷорӣ мешаванд?
Илова бар ин, ба гуфтаи дипломат, дар мавриди ҷалби муташаккил муҳоҷирон барои корфармоёни рус ва додани шаҳодатномаҳои зарурии тиббӣ машваратҳо пешбинӣ шудааст.
"Хулоса, мо якҷо ба танзими ҷараёни муҳоҷирати машғулем, ки ба манфиати ҳамма аст", - таъкид кард директори департаменти сеюми кишварҳои ИДМ дар Вазорати корҳои хориҷии Русия.
Вай изҳори умедворӣ кард, ки то охири соли ҷорӣ имкони имзои созишномаҳои дахлдори байниҳукуматӣ бо Тоҷикистон, Ӯзбакистон ва Қирғизистон имконпазир хоҳад шуд.