ДУШАНБЕ, 10 фев — Sputnik. Дар қаламрави Тоҷикистон 242 ширкати сайёҳӣ фаъолият дорад, иттилоъ додаанд масъулини Кумитаи рушди сайёҳии Тоҷикистон.
Ба иттилои манбаъ, аз ин шумора дар ВМКБ 50 ширкат, вилояти Суғд 43 ширкат, вилояти Хатлон 19 ширкат, шаҳри Душанбе 112 ширкат ва дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 18 ширкат рост меояд.
Ба иттилои Кумитаи рушди сайёҳӣ дар соли гузашта шумори умумии сайёҳони хориҷӣ ба Тоҷикистон воридшуда 999,3 ҳазор нафарро ташкил медиҳад, ки ин нисбат ба соли 2021 3,4 маротиба ё худ 703 ҳахзор нафар сайёҳ зиёд мебошад.
Ҳамзамон қайд карда шудааст, ки дар соли 2022 барои дар сатҳи муносиб хизмат расонидан ба меҳмонону сайёҳони дохилию хориҷӣ 100 адад ва дар зарфи 5 соли ахир 600 адад иншооти инфросохтори сайёҳӣ сохта, мавриди истифодабарӣ қарор дода шуд.
Тибқи иттилои масъулини Кумита дар соли 2022 ҳиссаи соҳаи сайёҳӣ дар ММД 2,8 дарсадро ташкил менамояд.
Маврид ба зикр аст, ки Тоҷикистон аз 1 январи соли 2022 барои ҷалби бештари сайёҳон ва сармоягузорони хориҷӣ барои шаҳрвандони 52 кишвари хориҷӣ иқдоми яктарафаи воридшавии бидуни раводид ҷорӣ намуд.
Инчунин бо ин мақсад барои шаҳрвандони 126 давлати хориҷӣ пешниҳоди раводиди Тоҷикистон бо тартиби содакардашуда ҷорӣ гардидааст.