ДУШАНБЕ, 9 фев — Sputnik. Мутахассисони “Роспотребнадзор” барои таҳияи нақшаи тадбирҳои муштараки мубориза бо бемориҳои сироятӣ ба Тоҷикистон сафар хоҳанд кард.
Бино ба иттилоъи дафтари матбуъотии ин ниҳод, раиси “Роспотребнадзор” Анна Попова ва вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода имкони ҳамкорӣ дар рафъи бемории сурхчаро баррасӣ карданд.
"Пас музокирот тасмим гирифта шуд, ки барои таҳияи нақшаи барномаҳои муштарак ва пешниҳодҳо барои ташкили тадбирҳои зиддиэпидемиявӣ барои мубориза бо бемориҳои сироятӣ ба Тоҷикистон олимону мутахассисон фиристода шаванд", — омадааст дар хабар.
Қаблан маълум шуд, ки “Роспотребнадзор” нақша дорад, як моякӯбии поксозӣ бар зидди сурхча анҷом диҳад.
Аз ҷумла, тибқи ин барнома муҳоҷирони корие, ки дар қаламрави кишвар зиндагӣ мекунанд моякӯбӣ хоҳанд шуд.