ДУШАНБЕ, 9 фев — Sputnik. Дар Бишкек даври навбатии музокирот сурат гирифт, ки дар ҷараёни он масъалаи тақсиму аломатгузории қитъаи умумии марзи Тоҷикистону Қирғизистон баррасӣ шуд.
Дар ин бора дафтари матбуоти ҳукумати Қирғизистон хабар додааст.
Дар давраи аз 3 то 9 феврал ҳайатҳои иборат аз гурӯҳҳои кории топографӣ ва коршиносони ҳуқуқ масъалаҳои минбаъда оид ба муайян кардани ҳудуди ду давлатро баррасӣ карданд.
"Вохӯрӣ дар фазои дӯстӣ ва ҳусни тафоҳум баргузор шуд", - изҳор дошт ҳукумати Қирғизистон.
Бино ба иттилои манбаъ, дар натиҷаи мулоқот "протоколҳои дахлдор ба имзо расонида шуданд".
Дар ҳамин ҳол, намояндагони Қирғизистон ҷузъиёти музокиротро эълон накарданд.
Ёдовар мешавем, ки рӯзи 2 феврал дар деҳаи Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва намояндаи ваколатдори президенти Қирғизистон Абдукарим Алимбоев мулоқот карданд.
Ҷонибҳо ба чунин хулоса омаданд, ки ҳамаи баҳсҳои ҳудудӣ танҳо бо роҳи гуфтушунид ҳал карда шаванд.
Нақшаи чорабиниҳои муштарак ҷиҳати таҳкими эътимод, танзими масъалаҳои фаромарзӣ ва пешгирии амалҳое, ки боиси бад шудани муносибатҳои шаҳрвандони Тоҷикистону Қирғизистон мешаванд, таҳия ва қабул гардид.