ДУШАНБЕ, 8 фев — Sputnik. Теъдоди қурбониёни заминларза дар Туркия ба 9057 нафар расид, гуфт раисиҷумҳур, Раҷаб Тайиб Эрдуғон зимни суханронӣ дар вилояти Хатай.
"Дар ҳоли ҳозир шумораи кушташудагон 9057 нафар, захмиён 52979 нафарро ташкил медиҳад", - гуфт ӯ.
Эрдуғон афзуд, Туркия барои рафъи оқибатҳои заминларза аз беш аз 60 давлати дунё кумак гирифтааст. Ба иттилои раисҷумҳури Туркия, дар вилоятҳои осебдида 6444 бино тахриб шудаанд.
Маврид ба зикр аст, ки субҳи 6 феврал дар вилояти Қаҳрамонмараш заминларзаи 7,7 дараҷаӣ рух дод. Тавре Эрдуғон қайд кард, ин заминҷунбӣ пурқувваттарин аз соли 1939 ба ин сӯ маҳсуб меёбад.
Заминларзаҳо дар Туркия қариб 3 рӯз идома доранд. Ба дунболи заминларзаи 7,7-балӣ даҳҳо пасларза ба қайд гирифта шудааст, ки қавитарини он ва дар нимаи руз бо тавоноии 7,6-балӣ рух дод.
Дар пайи офати табии марговар президенти Туркия мотами ҳафтрӯзаи миллӣ эълон кард, ки интизор меравад то 12 феврал идома хоҳад кард. Дар 10 вилояти аз офати табиӣ осебдида барои се моҳ вазъи изтирорӣ эълон гардид.
Заминларза ба Сурия низ осеб расонд. Нисбатан бештар минтақаҳои Алеппо, Латакия, Ҳама ва Тартус осеби ҷиддӣ диданд. Тибқи маълумоти охирини вазорати тандурустии Сурия, бар асари заминҷунбӣ беш аз 1200 нафар кушта, ҳудуди 2 ҳазор нафар маҷрӯҳ гардиданд.