ДУШАНБЕ, 8 фев — Sputnik. Бозии мунтахаби наврасони Тоҷикистону Белорус дар доираи мусобиқаи байналмилалии "Ҷоми рушд-2023" дар Минск бо ҳисоби 2:2 анҷом ёфт.
Ба иттилои ФФТ, мунтахаби наврасони Тоҷикистон таҳти роҳбарии Раҳматулло Фузайлов, бозии дуюмашшонро дар мусобиқаи байналмилалии "Ҷоми рушд-2023" мусовӣ анҷом доданд. Ду голи Тоҷикистонро Ҳоҷӣ Абдуманон ва Диловар Ҷамшедзода ба ҳадаф расонданд.
Қаблан сабқати дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон - U-17 бо ҳамсолонашон аз Русия дар мусобиқаи байналмилалии "Ҷоми рушд-2023" бо ҳисоби 1:1 поён ёфта буд. Голи ҷониби Тоҷикистонро Раббонӣ Камолов ба ҳадаф расонд.
Мусобиқаи байналмилалии "Ҷоми рушд - 2023" дар Минск идома дошта, тими Тоҷикистон дар даври навбатӣ рӯзи 9 феврал бо тими Эрон вориди майдон хоҳад шуд. Дар "Ҷоми рушд-2023", ки то 11 феврал давом мекунад, дар маҷмуъ 8 даста ширкат мекунад.
Тими Тоҷикистон (U-17) дар гурӯҳи "В" бо мунтахабҳои Русия (U-17), Эрон (U-17) ва Беларус (U-16) рақобат мекунад. Дар чаҳоргонаи "А" дастаҳои Беларус (U-17), Қазоқистон (U-17), Ӯзбекистон (U-16) ва Русия (U-16) зӯрозмоӣ мекунанд.
Бар асоси низомнома, ғолибони гурӯҳҳо дар финал вомехӯранд. Дастаҳое, ки дар гурӯҳҳои худ ҷойи дуюмро мегиранд, барои медалҳои биринҷӣ мубориза мебаранд. Инчунин барои ҷойҳои 5-6 ва 7-8 бозиҳои тасаллобахш дар назаранд.
Барои мунтахаби наврасони Тоҷикистон мусобиқаи Минск яке аз марҳилаҳои омодагӣ ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 мебошад, ки аз 15 июн то 2 июл дар Тайланд баргузор мешавад.