ДУШАНБЕ, 8 фев — Sputnik. Мувофиқи нақша имшаб - 8 феврал наҷотдиҳандагони КҲФ Тоҷикистон барои расонидани кумак ба сокинони зарардида аз заминларзаи маргбори охир ба Туркия мераванд, иттилоъ додааст Ҷамшед Маҳмадзода, сардори Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Хатлон зимни нишасти матбуотӣ.
Ҳамзамон оқои Маҳмадзода қайд кард, ки наҷотдиҳандагон имшаб аз Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ҳамроҳ бо дигар наҷотдиҳандагони кишвар ба Туркия парвоз кунанд.
Сардори Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Хатлон дар нишасти матбуотӣ қайд кард, ки ҳашт нафар наҷотдиҳанда ба Туркия фиристода мешаванд.
Вай афзуд, ки аз миёни кормандони Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Хатлон ҳашт мутахассиси беҳтарин интихоб шудаанд.
“Мувофиқи нақша имшаб онҳо барои расонидани кумак ба сокинони зарардида аз заминларзаи охир ба Туркия мераванд. Мақсад кумак расонидан аст. Онҳо то бартараф кардани оқибатҳои заминларза дар онҷо мемонанд”,- зикр кард Ҷамшед Маҳмадзода.
Ёдовар мешавем, ки теъдоди қурбониёни заминларзаи шадид дар Туркия ба 5894 нафар расид.
Зимнан, дар Сурия 1250 нафар кушта шуда, даҳҳо ҳазор нафар дар ҳар ду кишвар осеб дидаанд.
Дар манотиқи харобшуда наҷотдиҳандагони кишварҳои мухталиф кор мекунанд.
Заминларзаи ахир, ки ҳазорҳо нафарро кушту теъдоди зиёди иншоотро хароб намуд, аз қавитарин ҷунбишҳои замин дар таърихи Туркия арзёбӣ мегардад.
Раисҷумҳури Туркия, Раҷаб Тайиб Эрдуғон дар пайи заминларзаи харобиовар дар кишвар то 12 феврали соли равон мотами миллӣ эълон кард.