ДУШАНБЕ, 7 фев — Sputnik. Масъалаи таъсиси фонди сармоягузории Тоҷикистон ва Русия ахиран дар шаҳри Душанбе зимни гуфтугӯи раҳбарияти Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии кишвар бо роҳбарияти вазорати иқтисоди Русия баррасӣ гардид, иттилоъ додааст дафтари матбуоти кумитаи сармоягузорӣ.
Тибқи иттилои манбаъ, дар ин музокирот ҳамчунин масъалаи баргузории Форуми сармоягузории Тоҷикистон ва Русия, ки моҳи марти соли равон дар шаҳри Душанбе ба нақша гирифта шудааст баррасӣ гардид.
Инчунин зимни мулоқот масъалаҳои марбут ба густариши ҳамкории иқтисодӣ байни Тоҷикистон ва Русия, хусусан масъалаҳои марбут ба сармоягузорӣ ба иқтисоди Тоҷикистон баррасӣ гардид.
Манбаъ иттилоъ додааст, ки дар ин дидор масъалаҳои ҷалби сармоя аз Русия ба Тоҷикистон, таъсиси корхонаҳои муштараки саноатӣ, таъсиси фонди сармоягузории Тоҷикистон ва Русия аз мавзуъҳои меҳварии вохӯрии дуҷониба буд.
Манбаъ хабар додааст, ки дар ин гуфтугӯҳои ҷонибҳо ҳамчунин барои андешидани тадбирҳои зарурӣ барои баргузории Форуми сармоягузории Тоҷикистону Русия ва дигар масъалаҳои таҳкими ҳамкории иқтисодӣ изҳори омодагӣ намуданд.