Азми афзоиши қарзҳои ипотекӣ дар Тоҷикистон бо таҷрибаи “Нострой”-и Русия

Роҳбарияти "Амонатбонк" азми ҳамкорӣ бо ширкатҳои сохтмонӣ дар додани қарзҳои ипотекиро дошта, таҷрибаи қарздиҳии Русияро дар ин бахш омӯхта истодааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 6 фев – Sputnik. Бонки давлатии Тоҷикистон, "Амонатбонк" барои омӯхтани низоми қарздиҳии ипотекӣ бо “Нострой” – и Русия ҳамкориро ба роҳ андохтааст.
Раиси “Амонатбонк”, Сироҷиддин Икромӣ, зимни нишасти матбуотӣ, гуфт, бонкҳои Тоҷикистон сол ба сол теъдоди қарзҳои ипотекиро бо истифода аз таҷрибаҳои ҷаҳонӣ афзоиш медиҳанд.
“Ба бовари мо, қарзҳои ипотекӣ барои ҳалли мушкили маскан барои мардум хеле муҳим аст, аз ин хотир, раванди амалисозии он бояд ба як низоми коромад дароварда шавад”, - гуфт Икромӣ.
Тибқи иттилои “Амонатбонк”, дар соли 2022 теъдоди онҳое, ки қарзи маскан ё ипотекиро гирифта, соҳиби хонаи худ шудаанд, ба 51 нафар расид. Соли пеш аз ин 31 нафарро ташкил медод.
Дарсадии қарзи маскан дар “Амонатбонк” бо пули миллии сомонӣ 22% ва бо доллар 10% аст.
Дар ҳамин ҳол, раиси “Амонатбонк” гуфт, ба хотири омӯхтани чигунагии низоми қарзи ипотекӣ бо “Нострой” - Анҷумани миллии сохтмончиёни Русия ҳамкорӣ мекунад, ки таҷрибаи бисёр пешрафтае доранд.
“Ҳама ширкатҳои сохтмонӣ лузуман бо бонкҳо кор мекунанд. Мо ҳамчунин Анҷумани созандагони Тоҷикистонро дорем, ки аз наздик бо онҳо ҳамкорӣ мекунем", - гуфт ӯ.
Дастури президент дар мавриди теъдоди занон дар бонкҳо пурра иҷро нашудаст: Шарҳи Икромӣ
Вай афзуд, бо ширкатҳои умдаи сохтмонии ҷумҳурӣ, аз ҷумла онҳое, ки дар шаҳри Душанбе хона месозанд, имконияту зарфиятҳои ҳамкорӣ баррасӣ шуд.
Раиси “Амонатбонк” афзуд, акнун ҳукми шаҳрдор шаҳри Душанбе содир шудааст, ки ҳар ширкати сохтмонӣ қабл аз шурӯъи сохтмон бояд ҳадди ақал 20 дарсад ҳазинаи сохт ва ё 5 дарсад замонат дошта бошад.
“Онҳо бидуни банк наметавонанд кор кунанд, аз ин хотир, бояд бо банкҳо ҳамкорӣ дошта бошанд. Ҳама чиз тақрибан мутобиқ бо таҷрибаи “Нострой” танзим шудааст”, - гуфт Икромӣ.
Қарзҳои ипотекӣ яке аз таҷрибаҳои сангин барои бонкҳо, ширкатҳои сохтмонӣ ва мизоҷон дар Тоҷикистон аст, зеро қимати баланди хонаҳо ва ҳам маошу даромадҳои ками шаҳрвандон амалӣ шудани ин равандро ба мушкил мувоҷеҳ месозад.
Бо ин вуҷуд се сол ба ин сӯ бонкҳои Тоҷикистон ин таҷрибаро низ роҳандозӣ кардаанд ва тавре омори “Амонатбонк” нишон медиҳад, ба сахтӣ ҳам бошад, пеш меравад.