ДУШАНБЕ, 6 февр – Sputnik. Ахиран дар Душанбе таҳти раёсати вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон Гулнора Ҳасанзода ҷаласаи Ситоди корӣ оид ба таъмин намудани ширкатҳои сохтмонии ҶСК “НБО Роғун” бо кадрҳои коргарӣ баргузор гардид, иттилоъ додааст дафтари матббуоти вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ.
Ба иттилои манбаъ ин ҷаласа бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои маҷлиси васеи ҳукумати Тоҷикистон “Дар бораи натиҷаҳои рушди иҷтимою иқтисодии Тоҷикистон дар соли 2022 ва вазифаҳо барои соли 2023” баргузор гардидаст.
“Ситоди мазкур дар сатҳи ҷумҳурӣ ва вилоятҳо бо мақсади тақвияти ҷалби кормандон ба ҶСК “НБО Роғун” ва бокортаъминкунии шаҳрвандон дар дохили ҷумҳурӣ таъсис дода шудааст”,- хабар дод манбаъ.
Дар ҷаласа роҳбарони сохторҳои вазорат дар бораи талаботи корфармоёни ҶСК “НБО Роғун” шароити кор ва имкониятҳои ҷалби кормандон, ташкили курсҳои кӯтоҳмуддати омӯзиши ихтисосҳои мавриди талабот дар заминаи корхонаву ташкилотҳои ҷамъияти мазкур, баргузор намудани ярмаракаҳои муштараки ҷойҳои кории холии пешниҳодҳо намуданд.
Дар ҳамин ҳол, раиси ситод Гулнора Ҳасанзода сохторҳои вазоратро барои бокортаъминкунии шаҳрвандон дар ширкатҳои сохтмонии ҶКС “НБО Роғун" муваззаф намуда, барои ташкили таҷрибаомӯзии хонандагони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ дар заминаи корхонаву муассисаҳои ҶСК “НБО Роғун” ва минбаъд бокортаъминкунии онҳо дастуру супоришҳои мушаххас додааст.
Қарор аст, ҷаласаҳои ситод мунтазам баргузор гардида, ситодҳои вилоятӣ аз натиҷаи корҳои анҷомдода ба Ситоди марказӣ маълумот пешниҳод намоянд.