"Амонатбонк" ҳаҷми дороию даромади софашро гуфт

Дороии бонки давлатии "Амонатбонк" дар Тоҷикистон дар соли 2022 ба андозаи наздик ба 43% афзоиш ёфта, ба 6,3 млрд сомонӣ баробар гардидаанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 6 фев – Sputnik. Фоидаи софи "Амонатбонк" дар соли гузашта наздик ба 102 млн сомониро ташкил додааст, ки нисбати соли гузашта беш аз 53% зиёд мебошад.
Дар ин бора раёсати бонк зимни нишасти матбуотӣ дар шаҳри Душанбе иттилоъ дод.
Ба иттилои манбаъ, ҳаҷми умумии дороиҳои бонк ба андозаи 45% афзоиш ёфта, ба 6,3 млрд сомонӣ баробар гардидаанд.
Дар зимн уҳдадориҳои бонк 5,6 млрд сомонӣ арзёбӣ шудааст, ки аз ҳаҷми дорои ҳудуди 700 млн сомонӣ камтар мебошад.
Се бонки низомсози Тоҷикистон эълон гардиданд
Раёсати "Амонатбонк" таъкид намуд, ки қобилияти пардохтпазирии бонк дар сатҳи баланд нигоҳ дошта шуда, маблағҳо саривақт ба ҳисобҳои дахлдор гузаронда мешаванд.
Зикр гардид, ки бонки мазкур ҳамчунин ба буҷаи давлат давоми 12 моҳи соли гузашта ҳудуди 85 млн сомонӣ андозу пардохтҳои ҳатмиро ворид кардааст.
Таъкид гардид, ки "Амонатбонк" ба наздики 25 ҳазор корхонаҳои ташкилотҳо, зиёда аз 784 ҳазор нафақагир ва беш аз 1,8 млн амонатгузорон хидматрасонӣ кардааст.
Шумораи кормандони ин бонки давлатӣ наздики 3 ҳазор нафар гуфта шуд, ки дар манотиқи гуногуни ҷумҳурӣ фаъолият доранд.