ДУШАНБЕ, 5 фев — Sputnik. Валентина Матвиенко, раиси Шӯрои Федератсия аз вакилони порлумони Аврупо даъват мекунад, ки масъулони таҳқири ёдгориҳои динӣ, ба мисли сӯзондани Қуръон дар Шветсияро ошкоро маҳкум ва муҷозот кунанд.
"Сенаторҳои Русия аз вакилони порлумони аврупоӣ даъват мекунанд, ки амалҳои ифротгароёни радикалиро ҳамчун зуҳуроти таҳаммулнопазирии мазҳабӣ маҳкум кунанд ва барои ҳифзи ҳуқуқи мусулмонон ва намояндагони динҳои дигар ба озодии эътиқод чораҳо андешанд, инчунин масъулони иғвогаронаро ба ҷавобгарӣ кашанд”, - навиштааст Матвиенко дар Telegram-и худ.
Дипломати рус қайд кард, ки "набудани вокуниши муносиб ба амалҳои ифротгароён аз ҷониби ҳукуматҳо ва порлумонҳои кишварҳои аврупоӣ нигаронкунанда аст.
Вай таъкид кард, ки "Русия як кишвари беназирест, ки дар он мардуми миллату мазҳабҳои гуногун тӯли асрҳо дар сулҳу осоиштагӣ ва эҳтиром ба ҳамдигар зиндагӣ мекунанд.
"Таҳқири Қуръон на танҳо мусалмонон, балки намояндагони дигар ақалиятҳои динниро такон медиҳад", - тавзеҳ додааст Матвиенко.
Ёдовар мешавем, Расмус Палудан, фаъоли ростгарои даниягӣ рӯзи 21 январ дар назди сафорати Туркия дар Стокҳолм Қуръонро сӯзонд. Ӯ қаблан барои ин амали худ аз мақомоти Шветсия иҷозат гирифта буд.
Қаблан раиси Шӯрои Федератсия ба кумитаҳои дахлдор дастур дода буд, ки пешниҳоди маҳкум кардани сӯзондани Қуръон аз Шветсияро омода кунанд. Ба гуфтаи вай, ин гуна амалҳо куфр, ҷиноят ва барангехтани адовати миллӣ мебошанд.