Навори сарнагунсозии ҳавогарди чинӣ, ки ба қаламрави ИМА ворид шуда буд

Дипломатҳои чинӣ ҳавогарди сарнагуншударо мулкӣ мегӯянд, ки барои омӯзиши боду ҳаво пешбинӣ шуда, тасодуфан ба қаламрави ИМА ворид гардидааст
Sputnik
Вазорати умури хориҷии Чин сарнагунсозии ҳавогарди бесарнишинашонро аз сӯи нерӯҳои ҳавоии ИМА дар болои Атлантика маҳкум карданд.
Дипломатҳои чинӣ таъкид карданд, ки ин ҳавогард барои ҳадафҳои ғайринизомӣ пешбинӣ шудааст ва ғайричашмдошт ба марзҳои ИМА ворид гардид.
Ҳавогарди чиниро, ки ба фазои хавоии ИМА ворид шуд, аз ҳавопаймои ҷангандаи амрикоии F-22 сарнагун кард. Ин иқдом эътирози ҷониби Чинро ба вуҷуд вард.
"Ҷониби Чин норозигии шадид ва эътирози худро аз истифодаи нерӯи ИМА барои ҳамла ба як ҳавогарди бидуни сарнишини ғайринизомӣ изҳор мекунад", - изҳор дошт ВУХ.
Дабири кулли НАТО дар шарикии Русияву Чин таҳдидҳо мебинад
Аммо мақомоти амрикоӣ иддао доранд, ки ҳавогарди чинӣ бо ҳадафҳои истихборотӣ вориди фазои ИМА гардида буд.
Қаблан хабар дода шуд, ки раисҷумҳури ИМА, Ҷо Байден дастур додааст, ки ҳавогарди чинӣ фавран сарнагун карда шавад, аммо низомиён изҳор доштаанд, ки барои амнияти иншооту аҳолӣ беҳтар аст, он дар қисмати обӣ ҳадафи зарба қарор дода шавад.
Дар ҳамин ҳол котиби давлатии ИМА, Энтони Блинкен, дар пайи ҳодисаи мазкур, сафари рӯзҳои 5-6 февралашро ба Чин ба таъхир гузошт.