ДУШАНБЕ, 4 фев – Sputnik. Парлумони Эрон тарҳи қонунеро таҳия мекунад, ки аз ироаи хадамоти иҷтимоъӣ ба заноне, ки ҳиҷоб намепӯшанд, ҷилавгирӣ мекунад. Дар ин бора Мӯсо Ғазанфарободӣ, раиси кумиссиюни қазоӣ ва ҳуқуқии парлумони Эрон хабар дод.
"Ҳоло мисли пештара лоиҳаи қонун оид ба назорати риояи ҳиҷоб дар мошинҳо таҳия шуда истодааст. Илова бар ин, ба наздикӣ лоиҳаи қонун низ қабул мешавад ва барномае амал мекунад, ки тибқи он мо бо истифода аз системаҳои назорати видеоӣ занонеро, ки дар гузаргоҳҳои пиёдагард ва дигар ҷойҳои ҷамъиятӣ рӯсарӣ намепӯшанд, муайян мекунем", - афзудааст Ғазанфарободӣ.
Ба таъкиди ӯ, барои ин қабил занон хидматрасонии иҷтимоӣ расонида намешавад.
Мӯсо Ғазанфарободӣ илова намуд, ки дар марҳилаи аввал қонуншикан бо паёмак огоҳӣ мегирад ва дар марҳилаи дуввум ҷарима мешавад.
"Корти миллии ӯ (дар Эрон ин ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсият аст) то пардохти ҷарима баста мешавад, аз ин рӯ вай наметавонад аз ҳеҷ гуна хадамоти иҷтимоӣ истифода кунад", қайд намуд намояндаи парлумони Эрон.
Таҳияи тарҳи муҷозот барои напӯшидани ҳиҷоб ба ошӯбҳо ва эътирозҳое марбут аст, ки дар моҳи сентябри соли 2022 дар иртибот бо марги Маҳсо Амин оғоз шуд. Маҳсо пас аз боздшт шудан аз сӯи кормандони пулис ҷон бохт. Шаҳрвандони Эрон мақомотро дар марги духтар айбдор карданд.
Занони эронӣ ба таври оммавӣ наворҳоеро дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр карданд, ки дар он мӯи худро бурида ва ҳиҷобро сӯзондаанд.