Беҳтарин хабарнигорони Суғд қадрдонӣ шуданд

Раиси вилояти Суғд номзадҳои озмунро муборакбод намуда, ба онҳо тӯҳфаҳои хотиравӣ ба маблағи аз 1,5 ҳазор то 6 ҳазор сомонӣ тақдим намуд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 4 фев — Sputnik. Дар вилояти Суғд беҳтарин рӯзноманигорони озмуни “Хомаи созанда-2022” қадрдонӣ шуданд.
Бино ба иттилоъи дафтари матбуотии раиси вилоят, ин маросим дар Хонаи фарҳанги ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ баргузор шуд.
Ҳадафи чорабинӣ дастгирии рӯзноманигороне мебошад, ки ҳамарӯза мардумро аз дастовардҳои минтақа ва кишвар огоҳ мекунанд.
Озмуни мазкур тибқи қарори Раиси вилояти Суғд аз 26 майи соли 2022, №214 “Дар бораи гузаронидани озмуни вилоятӣ барои беҳтарин маводи журналистӣ таҳти унвони "Хомаи созанда-2022" гузаронида шуд
Дар Тоҷикистон кӣ омӯзгори сол шуд?
Зикр гардид, ки 60 нафар хабарнигорон дар номинатсияҳои “Инъикоси дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон", "Масъалаҳои марбут ба рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ", "Масъалаҳои марбут ба соҳаи саноат", "Масъалаҳои марбут ба соҳаи кишоварзӣ", “Муаррифии дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон (тавассути лавҳаҳои телевизионӣ ва интернетроликҳо)”маводҳои худро барои баррасӣ пешниҳод намуданд.
Дар натиҷа 39 нафар кормандони воситаҳои ахбори омма ғолиб гардиданд.
Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ғолибони озмунро табрик гуфта, ба 39 нафар ба миқдори аз 1500 сомонӣ то 6000 сомонӣ мукофотпулиҳоро супорид.