ДУШАНБЕ, 3 фев – Sputnik. Дар Тоҷикистон тайи соли 2022-юм беш аз 4 ҳазор иттиҳодияи динӣ фаъолият доштааст, иттилоъ дод раиси Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими ҷумҳурӣ.
Ба иттилои манбаъ, дар кишвар 49 масҷиди ҷомеи марказӣ, 327 масҷиди ҷомеъ, 3612 масҷиди панҷвақта, 66 ташкилоти динии ғайриисломӣ, 1 Маркази исломӣ, дар маҷмӯъ 4058 адад иттиҳодияи динӣ фаъолият доранд.
Таъкид шудааст, ки ҳамаи ин муассисаҳо дар Феҳристи давлатии иттиҳодияҳои динии Тоҷикистон ба қайд гирифта шудаанд.
Ҳамчунин роҳбарияти Кумитаи дини Тоҷикистон ҷой доштани маҳдудиятҳоро, ки дар гузоришҳои бархе аз созмонҳои байналмилалӣ аз он зикр мешавад, рад намуда, афзуд, ки озодии виҷдону иттиҳодияҳои динӣ дар ҷумҳурӣ таъмин аст.
Ин дар ҳолест, ки соли равон дар назар масҷиди бузурги Душанбе зимни сафари ҳайати расмии Қатар ба Тоҷикистон ифтитоҳ гардад, ки бузургтарин дар минтақа мебошад.
Масҷиди бузурги ҷомеи Душанбе яке аз бузургтарин масҷидҳои кишвару минтақа мешавад, ки ҳудуди 100 ҳазор нафарро дар як вақт ҷой медиҳад.
Он дар майдони 12 гектар замин ҷойгир шуда, аз биною мавзеъҳои намозхонӣ, китобхона, осорхона, толорҳои маҷлисӣ ва қабули меҳмонон барои мулоқоту гуфтушунидҳо иборат мебошад.