ДУШАНБЕ, 3 фев – Sputnik. Вилояти Суғд бо 60 кишвар, аз ҷумла бо 10 кишвари ИДМ ва бо 50 кишвари хориҷи дур муносибати савдои хориҷӣ дорад, иттилоъ додааст мақомоти вилояти Суғд.
Тибқи иттилои манбаъ дар гардиши савдои хориҷӣ ба ҳиссаи кишварҳои ИДМ 68,8 дарсад ё 2190,7 млн. доллар ва ҳиссаи кишварҳои хориҷи ду 31,2% ё 995 млн. доллар рост меояд.
Қайд гардидааст, ки таносуби содирот дар моҳи январ декабри соли гузашта нисбат ба гардиши савдои хориҷии вилояти Суғд 34,1 дарсад ва воридот бошад 65,9 дарсадро ташкил медиҳад, ки касри тарози савдо бо кишварҳои ИДМ 936,4 миллион доллар бо кишварҳои хориҷи дур 76,8 млн. долларро ташкил медиҳад.
Умуман ҳаҷми гардиши савдои хориҷӣ дар моҳҳои январ-декабри соли гузашта нисбат ба моҳҳои январ-декабри соли 2021 бо кишварҳои ИДМ 29,7% ё 501,2 млн. доллар, бо кишварҳои хориҷи дур бошад 1,7 баробар ё 421,8 млн. доллар зиёд шудааст.
Дар моҳҳои январ-декабри соли 2022 содироти мол 1086,2 млн. долларро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 1,7 баробар ё 453,1 млн. доллар зиёд шудааст.
Дар ҳамин ҳол воридоти мол ба вилоят 2099,5 млн. долларро ташкил кардааст, ки нисбат ба моҳҳои январ-декабри соли 2021-ум 28,8% ё 469,9 млн. доллар зиёд шудааст.