ДУШАНБЕ, 3 фев – Sputnik. Ҳаракати яктарафаи мошинҳои сабукрав дар масири Душанбе - Хуҷанд иҷозат дода шуд.
Дар ин бора ширкати IRS, ки ба нигоҳдорӣ ва ҷамъоварии пул дар ин масир машғул аст, хабар дод.
Ба иттилои манбаъ, ҳаракати нақлиёти сабукрав аз Душанбе ба самти Хуҷанд оғоз гардида, минбаъд гузариши нақлиёт аз ду ҷониб иҷозат дода мешавад.
Маврид ба зикр аст, ки 1 феврал дар қитъаи аз километри 52 то 73-юми ин роҳ ҳудуди 45 тармаи хурду калон фаромада буданд.
Ин ширкат гуфт, ки якҷоя бо КҲФ, Вазорати корҳои дохилӣ ва Вазорати нақлиёт тасмим гирифта шуд, ки ҳаракати ҳама намуди нақлиёт дар шоҳроҳ муваққатан маҳдуд карда шавад.
Таъкид шудааст, ки феълан баъди равон кардани техникаи махсус ҳаракат дубора қисман аз сар гирифта шуд.
Ширкат аз ронандагон даъват намудааст, ки дар роҳ эҳтиёткор бошанду қоидаҳои ҳаракатро риоя намоянд.
Дар ҳамин ҳол Агенти обуҳавошиносии Тоҷикистон, ҳушдор додаст, ки дар баъзе минтақаҳои мамлакат то 4 феврал ҳавои номусоид ва хатари фаромадани тарма боқӣ мемонад.