Ба дастаи мунтахаби рамзии Тоҷикистон дар ҳама давру замон кӣ дохил шуд?

Федератсияи байналмилалии таърих ва омори футбол (IFFHS) дастаи мунтахаби рамзии Тоҷикистонро дар ҳама давру замон эълон кард
Sputnik
ДУШАНБЕ, 3 фев – Sputnik. Мутобиқи сомонаи расмии Федератсияи байналмилалии таърих ва омори футбол, ба дастаи мунтахаби рамзии Тоҷикистон дар ҳама давру замон футболбозони бошгоҳи машҳури “Помир”-и Душанбе дохил шуданд.
Аз рӯи фарзияи IFFHS ба дастаи мунтахаби рамзии Тоҷикистон дарвозабон Валерий Саричев, ҳимоятгарон Ҳаким Фузайлов, Рашид Раҳимов, Леонид Кириленко, Алексей Чередник, нимҳимоятгарон Александр Азимов, Олег Ширинбеков, Владимир Ғуломҳайдаров, Эдгар Гесс, ҳамлагарон Муҳсин Муҳаммадиев ва Валерий Турсунов.
Названа символическая сборная Таджикистана всех времен по версии IFFHS
Ёдовар мешавем, ки Федератсияи байналмилалии таърих ва омори футбол (International Federation of Football History & Statistics) созмонест, ки солномаи таърихи футболро тартиб медиҳад.
Тибқи иттилоие, ки дар сомонаи расмии ин созмон нашр шудааст IFFHS соли 1984 дар Лейпсиги Олмон аз ҷониби доктор Алфредо Пёге таъсис ёфтааст.
Дар ҳоли ҳозир президентӣ ин ташкилоти бонуфузи байналмилалӣ Шайх Солеҳ Салим Баҳвинӣ мебошад.