ДУШАНБЕ, 3 фев – Sputnik. Ҳудуди 110 ҷинояти вобаста ба муомилоти ғайриқонунӣ бо замин дар вилояти Хатлон тайи як соли гузашта ошкор карда шуд.
Дар ин бора зимни нишасти хабарӣ, сардори раёсати Агентии давлатии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар Хатлон, генерал Карим Иброҳимзода хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ, ҳамчунин 16 ҳолати хизмати якҷояи хешовандони наздик ба қайд гирифта шудааст, ки бар асоси қонуни зидди фасоди ҷумҳурӣ мамнуъ мебошад.
Сардори раёсат тавзеҳ дод, ки хизмати якҷояи хешовандони наздик бар хилофи талаботи қонунҳои Тоҷикистон “Дар бораи муқовиммат бо коррупсия” ва “Дар бораи хизмати давлатӣ” мебошад.
Ба гуфтаи генерал Иброҳимзода ҳолатҳои ошкоршудаи хешутаборбозӣ дар дар пайи чораандешиҳои мақомот бартараф карда шудаанд.
"Тайи соли 2022 дар ҳудуду вилоят 396 адад ҷиноят характери коррупсионӣ ва молиявӣ дошта, ошкор гардид, ки 158 адади он ҷиноятҳои вазнин мебошад. Ҷиноятҳо вобаста ба замин 110 адад ошкор карда шуд", - гуфт Иброҳимзода.
Ӯ илова намуд, ки кормандони ниҳоди мубориза бо коррупсия тайи 12 моҳи соли гузашта дар 146 ташкилоту муассисаҳо ва корхонаҳои вилоятии Хатлон санҷиш гузарондаанд.
Дар натиҷаи санҷишҳои гузаронидашуда зиёда аз 15 млн сомонӣ зарари молиявӣ ошкор гардидаст, ки қисме аз он барқарор шудааст.