ДУШАНБЕ, 2 фев — Sputnik. Мақомоти Тоҷикистон хабар додааст, ки соли сипаригардида ба музди меҳнати 10 ҳазору 256 нафар омӯзгорони ҷавон 10 фоиз маблағ илова карда шуд, иттилоъ додааст Вазири маориф ва илми Тоҷикистон Раҳим Саидзода зимни нишасти матбуотӣ.
Ба гуфтаи вазир, омӯзгорони кишварт тибқи моддаи 353 — и Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон аз пардохти андози замини наздиҳавлигӣ озод мебошанд.
Ҳамчунин соли 2022 318 нафар омӯзгорон аз қарзҳои имтиёзнок ба маблағи 1 миллиону 800 ҳазор сомонӣ истифода намуданд.
Дар нишасти матбуотӣ иттилоъ дода шуд, ки дар Тоҷикистон 126 ҳазору 354 нафар омӯзгорон фаъолият мекунанд, ки аз ин 81 ҳазору 822 нафарашро занон ташкил медиҳанд.
Дар ҷараёни нишасти матбуотӣ Вазири маориф ва илми мамлакат иброз дошт, ки соатҳои дарсие, ки давоми 10 рӯзи иловагии истироҳатӣ дар моҳи январ (аз 10 то 20 январ) гузаронида нашуданд, дар панҷ рӯзи таътили моҳи март ва се рӯзи чоряки чорум ҷуброн карда мешаванд.
Хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ дар Тоҷикистон аз 1 июни соли равон ба таътили тобистона мебароянд.