Таъсиси осорхонаи Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Аловуддин Абдуллозода дар Бохтар

Дар моҳи декабри соли гузашта Кохи фарҳанг ва маркази иттилоотии шаҳри Бохтар ба номи Аловуддин Абдуллозода номгузорӣ шуда буд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 1 фев — Sputnik. Раёсати фарҳанги вилояти Хатлон тасмим гирифтааст дар ин макони фарҳангӣ осорхонаи Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Аловуддин Абдуллозодаро таъсис диҳад.
Дар ин хусус ахиран зимни нишасти матбуотии Раёсати фарҳанги вилояти Хатлон иттилоъ дод.
Ёдовар мешавем, ки Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, ҳаҷвнигори шинохтаи тоҷик 17 феврали соли 2022 дар синни 57-солагӣ аз олам чашм пӯшид. Ӯ солҳои охир вазифаи сардори Раёсати фарҳанги вилояти Хатлонро ба уҳда дошт.
Аловуддин Абдуллоев 15 майи соли 1965 дар шаҳри Бохтари вилояти Хатлон таваллуд шудааст.
Дар Бохтар Кохи фарҳангро ба номи Аловуддин Абдуллоев гузоштанд
Ҳунарманд соли 1989 Донишкадаи давлатии санъати ба номи М. Турсунзодаро хатм карда, корро дар Театри мусиқӣ-мазҳакавии шаҳри Қурғонтеппа оғоз намуд. Ӯ дар ин ҷо ба ҳайси ҳунарпеша ва коргардон бомуваффақият кор карда, чандин солҳо роҳбарии ин театрро бар дӯш дошт.
Оқои Абдуллоев барои нақшҳои мондагор ва хидматҳои пурарзиш соли 2006 бо унвони Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон ва соли 2013 бо унвони Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуд.