Чаро сӯзишворӣ арзон мешаваду роҳкиро не: Шарҳи вазир

Вазири нақлиёти Тоҷикистон шарҳ дод, ки чаро арзиши сӯзишворӣ дар кишвар коҳиш меёбад, аммо нархи роҳкиро ҳамоно баланд боқӣ мемонад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 1 фев — Sputnik. Вазири нақлиёти Тоҷикистон Азим Иброҳим сабаби бетағйир мондани арзиши роҳкирои нақлиёти ҷамъиятиро дар ҳоле, ки дар моҳҳои охир нархи сӯзишворӣ поин рафт, шарҳ дод.
Вазири тоҷик изҳор дошт, ки айни замон арзиши сӯзишворӣ қариб дар як сатҳ бо баҳори соли 2021 қарор дорад, замоне, ки бори охир нархи роҳкиро тавасути нақлиёти мусофиркаш пас аз мувофиқаи онҳо бо Хадамоти зиддиинҳисории кишвар муқаррар шуда буд.
Ба гуфтаи вай, агар ҳатто нархи сӯзишворӣ ва арзиши роҳкиро дар нақлиёт каме фарқ дошта бошанд ҳам, дар ин давра хидматрасонӣ ва дар ҳолати коршоям нигоҳ доштани воситаи нақлиёт, аз ҷумла нархҳо ба қисмҳои эҳтиётӣ ва ғайра боло рафт.
Вазир илова намуд, ки айни замон фоидаи кормандони нақлиёти мусофирбар 10-15 дарсадро ташкил медиҳад.
Газ арзону бензин гарон: Тағйири қимати маводи сӯхт дар Тоҷикистон дар cоли нав
Ёдовар мешавем, ки имрӯзҳо қимати гази моеъ, яке аз умдатарин маводи сӯхт дар навоҳии Тоҷикистон дар муқоиса ба рӯзҳои қаблӣ то 40 – 50 дирам поён шудааст.
Дар нуқтаҳои фуруши сӯзишворӣ нархномаҳо тағйир ёфтанд. Бино ба нишондодҳои нав арзиши гази моеъ то 3,4 - 3,3 сомонӣ поён бурда шудааст.
Аммо бино ба иттилоъи дарёфтӣ ҳоло арзиши роҳкиро барои микроавтобусҳо дар дохили Хуҷанд 2,5 сомонӣ ва қимати мусофирбарҳои фармоишӣ (таксӣ) 11 – сомонӣ аст.
Дар ҳоле нархи гази моеъ поин меравад, ки ҳудуди як моҳ ба ин тараф нархи фурӯши дигар навъ сӯзишворӣ бетағйир аст.
Зимнан бензини АИ 92 – 7,8 сомонӣ, АИ 95 – 8,2 сомонӣ ва сӯзишвории дизелӣ 11, 8 сомонӣ дар фурушанд.
Маводи сӯхт ба Тоҷикистон аз хориҷа асосан аз кишварҳои Русия ва Қазоқистон ворид карда мешавад.