ДУШАНБЕ, 1 фев — Sputnik. Аз ҷониби кормандони Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ барои риоя накардани қоидаҳои бехатарии саноатӣ 297 нафар шахсони ҳуқуқӣ, мансабдор ва воқеӣ ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуда, ба маблағи 1 млн 212 ҳазору 632 сомонӣ ҷарима баста шуданд.
Тавре дар нишасти матбуотӣ сардори Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории Тоҷикистон Санъат Раҳим, қайд кард риояи Қонун “Дар бораи бехатарии саноатии объектҳои истеҳсолии хатарнок” дар корхонаҳо аз ҷониби масъулин бояд ба таври қатъӣ риоя карда шавад, зеро аз ҷарима дида, риояи қонун афзалияти бештар дорад.
“Ҳадди ниҳоии ҷазои риоя накардани қонун 134 ҳазор сомонӣ мебошад. Дар ин ҳол риоя кардани қонун ба фоидаи худи корхона аст, зеро ҷарима дар ҳолати риоя накардани қонун пешниҳод карда мешавад ва ин ба вазъи молиявии корхона зарари ҷиддӣ аст”, — гуфт ӯ.
Ҳамзамон вай афзуд, ки ҳангоми гузаронидани назорати техникӣ дар корхонаҳои саноатӣ мутахассисони Хадамот 1252 банди риоя нагардидани санадҳои меъёрии ҳуқуқиро ошкор намуданд.
Зикр гардид, ки ба роҳбарони корхонаву ташкилот ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳо ва қонунвайронкуниҳо 130 санад-нишондод пешниҳод гардидааст.
Дар нишасти матбуотӣ қайд карда шуд, ки соли 2022 аз тарафи нозироти Хадамот 40 ҳодисаи нохуши истеҳсолӣ ба қайд гирифта шуд, ки дар натиҷа 25 нафар ҳалок ва 46 нафар ҷароҳати гуногуни ҷисмонӣ бардоштаанд.
“Дар корхонаҳои зериназоратии хадамот соли 2022 шумораи ҳодисаҳои нохуш нисбат ба соли 2021 1 адад зиёд мебошад. Дар ҳамаи ҳодисаҳои нохуш тафтиши техникӣ гузаронида шудааст”,- илова кард оқои Раҳим.