ДУШАНБЕ, 31 янв — Sputnik. Эрон метавонад мавқеъашро дар мавриди муноқиша дар Украина тағйир диҳад, хабар медиҳад Nour News бо такя ба як мақоми эронӣ, ки номаш ошкор нашудааст.
Сабаби ин изҳороти мушовири раиси дафтари Владимир Зеленский Михаил Подоляк дар бораи даст доштани Киев дар ҳамлаи ҳавопаймоҳои бесарнишин ба як иншооти низомии Исфаҳони Эрон гуфта мешавад.
Подоляк дар Твиттери худ навишт - "Украина шуморо ҳушдор дод" ва ба ин васила маълум кард, ки ҳамлаи ҳавопаймои бесарнишин ба муассисаи Вазорати дифоъ дар Исфаҳон ва таркиш дар корхонаи Озаршаҳр ба ҳаводиси Украина ва эҳтимоли кумаки Эрон ба Русия рабт дошта бошад.
"Агар изҳороти душманонаи ... Подоляк алайҳи Эрон аз ҷониби мақомоти ин кишвар тағир наёбад, ин метавонад боиси вокунишҳои мухталифи Эрон гардад", - гуфт мансабдор бо ишора ба ишораҳои пайваста аз Теҳрон дар бораи зарурати хотима додан ба муноқишаи Украина ва аҳамияти муколама.
Ба андешаи ӯ, таъкиди Украина ба таҳдид ба амнияти миллии Эрон метавонад заминаи ҷиддӣ барои омӯзиши тағйири мавзеъгирии Эрон дар робита ба ҳаводиси Украина шавад.
Албатта, сухан дар бораи "қабули равиши наве, ки ба рафтори ҳукумати Киев мувофиқ аст" низ меравад.
Ин мақоми эронӣ ҳамчунин афзуд, бо вуҷуди он ки Киев борҳо Теҳронро ба таъмини силоҳ ба Федератсияи Русия муттаҳам кардааст, ҳеҷ далелеро ироа накардааст.
Ёдовар мешавем, ки шаби 29 январ дар Исфаҳон таркиши шадиде ба амал омад. Вазорати дифои ин кишвар аз талоши бемуваффақияти ҳамла ба яке аз иншооти низомии он бо силоҳ бо истифода аз бесарнишин бо маводи тарканда хабар дод.
Ҳамин тавр, яке аз ҳавопаймоҳои бесарнишин зада шуд, дуи дигар пас аз афтодан ба доми дифоъ таркид ва худи ҳамон шаб дар як корхонаи равғани мотор дар шимолу ғарби кишвар таркиши дигар ва сӯхтор ба амал омад.