ДУШАНБЕ, 31 янв — Sputnik. Капитани тими миллии футболи Тоҷикистон, бозигари дастаи "Истиқлол"-и Душанбе Аҳтам Назаров ба тими "Андиҷон"-и Ӯзбекистон гузариш намуд.
"Ҳимоятгари “Истиқлол” ва капитани тими миллии Тоҷикистон Аҳтам Назаров фаъолияти футболии худро дар чемпионати Ӯзбекистон идома медиҳад",- хабар додааст, дафтари матбуотии бошгоҳ.
Ба иттилои манбаъ, субҳи имрӯз 31 январ ба урдугоҳи бошгоҳи футболи “Андиҷон” рафт.
Гуфта мешавад, баъди аз ҷамъомади тамринии намояндаи Суперлигаи Ӯзбекистон дар Анталия омадан, Назаров зери шартномаи дусола имзо хоҳад гузошт.
Маврид ба зикр аст, ки Назаров аз бозигарони саршиноси футболи тоҷик аст, ки сар аз соли 2013 дар ҳайати “Истиқлол” бозӣ мекард.
Ӯ фаъолияти ҳирфаияшро аз тими "Барқчӣ"-и Душанбе оғоз карда, дар ҳайати мунтахаби ҷавонони кишвар низ бозӣ кардааст.
Бинобар додаҳои охирини портали машҳури варзишии Олмон "Transfermarkt.de" арзиши тахминии бозигар 175 ҳазор евро баҳогузорӣ шуда буд.
Ёдовар мешавем, ки ахиран Алишер Ҷалилов яке аз бозигарони мунтахаби футболи кишвар, ки қаблан аз "Истиқлол" ба АГМК (Олмалиқ)-и Ӯзбекистон рафта буд, дигарбора баргашт.
Ҳарчанд бо дастаи ӯзбекистонӣ шартномаи дусола дошт, аммо дар он як сол монд.