ДУШАНБЕ, 30 янв – Sputnik. Далели сустии суръати интернет дар Тоҷикистон ба огоҳии нокофии муштариён аз қавоиди имрӯзи фазои интернетӣ, аз ҷумла, истифодаи замимаҳо бастагӣ дорад.
Ин нуктаро муовини раиси Хадамоти алоқаи Тоҷикистон, Илҳомҷон Атоев зимни нишасти матбуотӣ баён дошт.
Ин дар ҳолест, ки суръати сусти интернет ва зуд ба охир расидани маблағи истифодаи он дар Тоҷикистон ҳамеша мавриди интиқодҳои муштариён буд ва ин шикоятҳо низ зиёданд, ки ширкатҳои мобилӣ бидуни ризоияти муштариён таруфаҳои онҳоро тағйир медиҳанд.
“Замимаҳое пайдо шудаанд, ки ба шумо пешниҳод мешаванд: оё шумо ҳамин замимаро истифода кардан мехоҳед? Пеш аз розӣ шудан ё нашудан бояд биомӯзем, ки ин чист. Замимаи зиёдатӣ плани тарифии шуморо зиёдтар мехӯрад ва истифода мебарад", - гуфт Атоев дар шарҳи нигарониҳо.
Аз ин хотир, муштариён бояд ба истифодаи замимаҳо таваҷҷӯҳ кунанд, зарур хонд ӯ.
Дар ҳамин ҳол президенти Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон, дар паёми ахири худ ба парлумон аз сатҳу сифат, нарх ва суръати интернет дар кишвар интиқод карда буд.
Илҳомҷон Атоев дар ин робита гуфт, интиқоди раисҷумҳур ҷой дорад, аз ин хотир, Хадамоти алоқа як қатор чорабиниҳоро рӯйи даст гирифта, бо ширкатҳои мобилӣ дар пайи иҷрои он ҳастанд.
Ӯ гуфт, дар соли 2022 ҳудуди 3 ҳазор пойгоҳи ҷадиди бунёдӣ дар Тоҷикистон пайваст шуд, ки дастрасии муштариён ба алоқаи мобилиро ба сифати 4G ё насли чорум таъмин мекунанд.
"Қарор аст то ахири соли равон беш аз 450 пойгоҳи ҷадид, ки дар хориҷа харидорӣ шуда, дар роҳ ҳастанд, аз сӯи ширкатҳои мобилӣ пайваст хоҳад шуд. Мо марҳала ба марҳала сатҳу сифати алоқаи мобилиро беҳбуд мебахшем", - афзуд вай.
Ҳамарӯза дар шабакаҳои иҷтимоии тоҷикӣ муштариён аз суръати заифи интернет, ҳамзамон зуд халос шудани маблағи пардохтаи худ шикоят мекунанд.
Аммо ин танҳо шикояти онҳо нест. Онҳо аз ин низ изҳори норизоиятӣ мекунанд, ки ширкатҳои мобилӣ бе иҷозати онҳо нарх ва таруфаи онҳоро зиёд мекунанд ё тағйир медиҳанд.
Илҳомҷон Атоев гуфт, Хадамоти алоқа ин шикоятҳоро баррасӣ карда, ба ин натиҷа расидааст, ки дар аксар мавридҳо худи муштариён ноогоҳона рафтор мекунанд.
“Вақте шумо симкорт мехаред, ҳамкориро тибқи қонун бо ширкати мобилӣ шуруъ мекунед, созишномаи ду тараф имзо карда мешавад. Як банд дорад, ки бидуни иҷозаи шумо ширкат таруфаро зиёд ё дигар карда наметавонад", - таъкид намуд вай.
Тоҷикистон аз нуқтаи назари мухобиротӣ як кишвари кӯҳистонӣ ва бунбастӣ ба ҳисоб меравад, ки интернетро аз манбаъаш дар Амрико тариқи Аврупову Русия ва Қазоқистону Қирғизистон тариқи хатти нурӣ дастрас мекунад.
Муовини раиси Хадамоти алоқаи Тоҷикистон гуфт, дар оянда дар назар аст хатҳои дигареро тариқи Чину Туркманистон низ эҷод кунанд ва бовар бар ин аст, ки дар пайи ин ҳама тадобир дар суръату нарх ва сатҳу сифати интернет дар кишвар тағйири куллии мусбат пеш хоҳад омад.