ДУШАНБЕ, 30 янв — Sputnik. Даромади умумии корхонаҳои соҳаи алоқа дар Тоҷикистон 3,6 млрд сомониро ташкил дод, ҳисоб кардаст Хадамоти алоқаи ҷумҳурӣ.
Ин нишондод дар қиёс бо даромад дар соли қаблӣ бештар мебошад. Даромади корхонаҳои соҳаи алоқаи Тоҷикистон дар соли 2021 ҳудуди 3,1 млрд сомонӣ арзёбӣ шуда буд.
Хадамоти алоқаи Тоҷикистон эълон кард, ки тайи соли 2022 ширкатҳои соҳа ба аҳолӣ дар ҳаҷми 2,9 млрд сомонӣ хизматрасонӣ кардаанд.
Дар мавриди шумораи истифодабарандагони интернет таъкид шуд, ки бо назардошти интернети мобилӣ ва собит теъдодашон ба 4,5 млн нафар баробар гардид. Ин нишондод як соли қабл ба 4,2 млн нафар баробар буд.
Ба гузориши Хадамоти алоқаи кишвар, шумораи умумии муштариёни соҳаи алоқа ба 8,3 млн баробар аст, ки аз ин 6,4 млн ададашон фаъоланд.
Теъдоди ширкатҳое, ки иҷозатномаи хизматрасонӣ дар соҳаи алоқаи мобилиро доранд, 96 адад гуфта шуд.
Маврид ба зикр аст, ки раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон ахиран аз сифати интернету алоқа ва нархи он изҳори норозигӣ карда буд. Ӯ дар ҷаласаи васеи ҳукумат супориш дод, ки нархи интернету алоқаи мобилӣ дар ҷумҳурӣ поину сифаташон боло бурда шавад.
Хадамоти алоқа барои коҳиши арзиши алоқаи мобилӣ ва интернет ва дастрас гардонидани интернети баландсуръат дар тамоми минтақаҳои кишвар вазифадор гардид.