ДУШАНБЕ, 30 янв – Sputnik. Ҳукумати Тоҷикистон қарор кардааст, ки мудирияти шабакаи тақсимоти барқи ҷумҳуриро ба дасти хориҷиҳо диҳад.
Дар ин бора вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон, Далер Ҷумъа зимни нишасти матбуотӣ баён дошт.
Ӯ тавзеҳ дод, ки ин кор дар доираи ислоҳоти низоми энергетикии кишвар анҷом шудааст, ки тибқи он "Барқи тоҷик" ба се қисм -истеҳсолу интиқолу тақсимот ҷудо гардид.
Вай мудирияти дурустро махсусан дар бахши тақсимот муҳим хонда, афзуд, ки дар 5 соли оянда идораи ин бахш ба ду ширкати хориҷӣ вогузор шудааст.
Ба гуфтаи вазир, маҳз дар бахши тақсимот талафот нисбатан зиёд мебошаду ҳадаф роҳандозии мудирияти дуруст дар соҳа ва кам кардани талафот мебошад.
Инчунин пеши мудирони хориҷии шабакаҳои тақсимоти барқи Тоҷикистон вазифа гузошта шудаанд, ки васл намудани ҳисобкунанкҳои муосирро тезонанду низоми ягонаи билингӣ дар тамоми ҷумҳурӣ роҳандозӣ гардад. ва дигар чораҳо мебошад, ки қисман
Вазир ҷой доштани фасоду омили инсониро иқрор карда, илова намуд, ки аз роҳбарияти ҷадиди бахш коҳиши назарраси ин омилҳо ва аз байн бурдани онҳоро интизоранд.
Маврид ба зикр аст, ки соли 2022 истеҳсоли неруи барқ дар Тоҷикистон наздики 21,5 млрд кВт соатро ташкил додаст, ки ин баландтарин нишондиҳанда дар кишвар маҳсуб меёбад. Аммо бо вуҷуд маҳдудияти интиқоли барқ дар кишвар аз байн бурда нашудааст.