ДУШАНБЕ, 30 янв — Sputnik. Амрико ният дошт қаламрави Тоҷикистон ва Ӯзбекистонро барои ҳамла ба анборҳои мушакҳои баллистикии Эрон истифода кунад.
Дар ин бора хабаргузории Avia.pro дар истинод ба хабарнигори эронӣ Хаёл Муаззин хабар медиҳад.
"Ҳафтаи гузашта намояндагони Идораи иттилооти маркази (ЦРУ)-и ИМА ва идораи истихбороти ҳукумати Амрико бо мақомоти Тоҷикистону Ӯзбекистон барои ҳамла ба иншооти ҳастаии Эрон мулоқот доштанд", - гуфт рӯзноманигор.
Тавре Муаззин афзуд, бино ба иттилои хадамоти истихборотӣ, қаламрави кишварҳои Осиёи Марказӣ пас аз ҳамла ба зербиноҳои Эрон бояд ҳамчун як долони хуруҷи ҳавопаймоҳо истифода мешуд.
Ёдовар мешавем, ки ахиран шаҳри Исфаҳони Эрон зери ҳамлаи паҳподҳои номаълум қарор гирифт. Манобеъи маҳаллӣ иддао доранд, ки ин амалиётро нерӯҳои ҳавоии Амрико ва “як кишвари дигар” анҷом додаанд.
Ба гуфтаи вазорати дифоъи Эрон, ин ҳамла ба талафоти инсонӣ надоштааст ва хисороти ночизе доштааст.