ДУШАНБЕ, 29 янв — Sputnik. Ҳамлаи як ҳавопаймои бесарнишин ба маҷмааи саноатии дифоӣ дар устони Исфаҳони Эрон ноком шуд, иттилоъ дод Вазорати дифои ҷумҳурии исломӣ.
Дар изҳороте, ки субҳи 29 январ нашр шуд, вазорати дифои Эрон гуфт, яке аз се ҳавопаймои бидуни сарнишин ба маҷмааи тавлиди таҷҳизоти дифоӣ дар Исфаҳон аз ҷониби низоми мудофиавии мустақар дар дохили ин муассиса сарнагун карда шуд.
Мақомоти дифоии Эрон таъкид кардаанд, ки дуи дигар пас аз афтодан дар домҳои системаи дифоъ мунфаҷир шудаанд.
Дар изҳорот гуфта мешавад, ки ҳамлаи шабонаи бесарнишинҳо, ки шаби 28 ба 29 январ роҳандозӣ гардид, ба далели омодагии системаи дифоии мустақар дар минтақа ноком шуд.
Мақомоти дифоии Эрон мегӯянд, ҳамла талафоти ҷонӣ надошт ва танҳо дар боми иншооти хисороти ночизе ба бор овардааст.
"Ба шарофати баракати Худо, ҳамла ба таҷҳизот ва фаъолияти маҷмаа халал нарасонд", гуфта мешавад дар изҳороти вазорат.
Ин дар ҳолест, ки расонаҳо аз ҳамла ба чанд шаҳри Эрон ва инфиҷор асосан дар муассисаҳои бахши дифоӣ хабар медиҳанд, аммо расман мақомоти дифоӣ танҳо ҳодисаи Исфаҳонро таъйиду тавзеҳ додаанд.
Васоити ахбори оммаи минтақа бо такя ба "Al Arabiya" аз даст доштани Исроил дар ин ҳамла хабар додаанд, ки гӯиё қасди нобудсозии корхонаи тавлиди бесарнишинҳои шаҳри Табрез ва анбори Исфаҳону Маллард доштааст. Расман ҷониби Исроил ин иттилоъро шарҳ надодааст.