Бо гулхану умочу мошкичирӣ: таҷлили бошукуҳи Сада дар Душанбе

Намоиши ҳунарҳои мардумӣ, ғизоҳои хоси минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон, зироатҳои гуногун ва дастовардҳои кишоварзони тоҷик дар ҷашни Сада баргузор шуд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 29 янв — Sputnik. Маросимҳои асосии ҷашни Сада дар Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсии шаҳри Душанбе баргузор шуд.
Ба иттилои расмӣ, дар даромадгоҳи ҷашнгоҳ гулхан ороста шуда, баробари сокинон дар маросими таҷлили Сада инчунин вазири кишоварзӣ, Қурбон Ҳакимзода, муовини сарвазир Сулаймон Зиёзода, ёрдамчии президент дар масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Эмомалӣ Насриддинзода иштирок доштанд.
Зикр гардид, ки деҳқонон дар айёми Сада тухмиҳои хушсифати зироат ва нуриҳои зарурӣ даст­рас намуда, олоти корӣ ва заминро барои кишти баҳорӣ омода менамоянд.
Дар ҷашнгоҳ кишоварзон аз минтақаҳои гуногуни мамлакат маҳсулоти худ, олоти кории кишоварзӣ, тухмии зироат, техникаҳои соҳавӣ, хӯрокҳои миллӣ, гулу буттаҳои ороишӣ ва дигар маҳсулотро ба намоиш гузоштаанд.
Аз фалсафаи амиқ то фаромӯшӣ ва эҳёи Сада: паёми президент ба тоҷикистониён
Дар дастурхони ҷашнӣ, тибқи оини аҷдодӣ бештар донагиҳо, инчунин хӯрокҳои мухталиф - мошкичирӣ, лӯбию нахӯдшӯрак, кашк, далда, каллапоча, ширбиринҷ, ширкаду, ширрӯған, қурутоб, фатирмаска, дӯғҷӯшӣ, умоч, шӯрбо ва ғайра пешниҳоди меҳмонон гардонида шуданд.
Зикр гардид, ки деҳқонон ҷӯйбору заҳкашҳоро тоза карда, яхобмонӣ, обшӯй намудани заминҳои шӯр, ворид намудани нуриҳоро амалӣ мекунанд. Ҳамчунин шохабурӣ ва башаклдарории дарахтонро ба анҷом расонида, чорабиниҳоро ҷиҳати мубориза бо зараррасону касалиҳо анҷом медиҳанд.
Инчунин бори нахуст дар майдони ҷашн баробари намоиши ниҳолу зироати кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ, Кумитаи рушди сайёҳии назди ҳукумат гӯшаи имконоти сайёҳии мамлакатро пешниҳоди иштирокдорон гардонд.